Тафсири Сураи Нур Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 13
لَوْلَا جَاءُوا عَلَيْهِ بِأَرْبَعَةِ شُهَدَاءَ ۚ فَإِذْ لَمْ يَأْتُوا بِالشُّهَدَاءِ فَأُولَٰئِكَ عِنْدَ اللَّهِ هُمُ الْكَاذِبُونَ ١٣
Лав ла ҷау ъалайҳи би арбаъати шуҳадаъ.Фа из лам яъту би-ш-шуҳадаи фа улаика ъиндаллоҳи ҳуму-л-казибун.13.
13. Чаро бар ин сухан чаҳор гувоҳ наоварданд? Пас, чун гувоҳонро наёварданд, назди Худованд он ҷамоъат дурӯғгӯй ҳастанд.
Худованд дар ин оят сарзаниши дувумро баён намудааст, ки чаро тӯҳматгарон барои исботи дуруст будани суханашон нисбат ба Оиша (р) чаҳор шоҳид наёварданд. Пас, чун барои даъвои худ гувоҳ оварда натавонистанд ва дармонданд, онон назди Худованд аз ҷумлаи дурӯғгӯён ҳастанд. Оё касе, ки Худованд дурӯғгӯю бӯҳтонгар гуфтааст, агар тавба накунад ва дили худро пок накунад наҷот меёбад? Ҳаргиз!
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «