Сураи Нур Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 46

لَـقَدۡ اَنۡزَلۡنَاۤ اٰيٰتٍ مُّبَيِّنٰتٍ‌ؕ وَ اللّٰهُ يَهۡدِىۡ مَنۡ يَّشَآءُ اِلٰى صِرَاطٍ مُّسۡتَقِيۡمٍ ٤٦

Лақад анзална айати-м мубаййинат. Валлоҳу яҳдӣ ма-н яшау ила сироти-м мустақӣм. 46.

46. Ҳаройина, оятҳои равшанро фуруд овардем ва Худо ҳар киро хоҳад, ба сӯйи роҳи рост ҳидоят мекунад.

Худованд дар ин оят ба мардум чунин муроҷиат кардааст, ки эй инсонҳо, барои шумо оятҳо ва далелҳои равшангарро дар Қуръони карим нозил кардаем, ки роҳи ҳақ ва ҳидоятро нишон медиҳанд. Барои саодати дунё ва охират ҳама чизи лозимро пурра дар он баён кардаем. Ҳар касеро Аллоҳтаъоло бихоҳад ба роҳи рост, роҳе, ки дар он ҳеҷ каҷие нест, яъне ба сӯи дини ҳақ, (Ислом) раҳнамоӣ мекунад. Инсон метавонад бо паймудани ин роҳ ба неъматҳои Биҳишт ноил гардад.

Баъд аз баёни далелҳои равшан ва раднопазири мавҷудияти ягонагии Худ дар якчанд ояти баъдӣ Худованд инсонро аз нифоқ ва мунофиқӣ ҳушдор додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)