Тафсири Сураи Нур Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 45
وَاللّٰهُ خَلَقَ كُلَّ دَآبَّةٍ مِّنۡ مَّآءٍ ۚفَمِنۡهُمۡ مَّنۡ يَّمۡشِىۡ عَلٰى بَطۡنِهٖۚ وَمِنۡهُمۡ مَّنۡ يَّمۡشِىۡ عَلٰى رِجۡلَيۡنِ وَمِنۡهُمۡ مَّنۡ يَّمۡشِىۡ عَلٰٓى اَرۡبَعٍؕ يَخۡلُقُ اللّٰهُ مَا يَشَآءُؕ اِنَّ اللّٰهَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٤٥
Валлоҳу халақа кулла даббати-м мим маъ. Фа минҳум-м ма-н ямшӣ ъала батниҳӣ ва минҳум-м ма-н ямшӣ ъала риҷлайни ва минҳум-м ма-н ямшӣ ъала арбаъ. Яхлуқуллоҳу ма яшаъ. Инналлоҳа ъала кулли шай-ин қадӣр. 45.
45. Ва Худо ҳар ҷунбанда (ҷонвар)-еро аз об офарид, пас, аз инҳо он аст, ки бо шиками худ меравад ва аз инҳо он аст, ки бар ду пои худ меравад ва аз инҳо он аст, ки бар чаҳор пой меравад. Худо ҳар чиро хоҳад, меофарад. Ҳаройина, Худо бар ҳар чиз тавоно аст.
Дар ин оят Худованд дигар далелҳои қудрати мутлақи Худро баён намуда гуфтааст, ки Аллоҳтаъоло Зотест, ки тамоми ҷондоронро бо андозаҳои гуногун, шаклу рангҳои мухталиф, тарзи ҳаётгузаронии аз якдигар тафовут дошта, тарзи ҳаракати ҳаргуна ва муҳити зиндагонии аз ҳам фарқкунанда аз об офарид. Чунончи гурӯҳе аз онҳо рӯи шикам роҳ мераванд монанди хазандагон чун мор, тимсоҳ ва баъзе бо ду пой роҳ мераванд монанди инсон, паррандагон, қисме бо чаҳор пой роҳ мераванд монанди гов, гӯсфанд, шутур ва ғайра.
Хулоса, қудрати Худованд мунҳасир ё маҳдуд нест, ҳар чиро ирода кунад, меофарад. Зеро бар ҳама чиз тавоност. Мисли ҳазорҳо навъи мавҷудоти дарёҳо ва ҳазорҳо навъи ҳашаротҳо ва… Барои маълумоти бештар ба ояти 30-уми сураи «Анбиё» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «