Сураи Оли Имрон Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 100

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ تُطِيعُوا فَرِيقًا مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ يَرُدُّوكُمْ بَعْدَ إِيمَانِكُمْ كَافِرِينَ ١٠٠

Йа айюҳа-л-лазина оману ин тутиъу фариқа-м мина-л-лазина уту-л китоба яруддукум баъда имоникум кофирин. 100.

100. Эй касоне, ки имон овардаед! Агар пас аз имон оварданатон гурӯҳе аз аҳли Китобро итоъат кунед, шуморо ба кофирӣ боз мегардонанд!

Аллоҳтаъоло дар ин оят бандагони муъминро бинобар фазле, ки Аллоҳ ба онҳо додаасту онҳоро ба роҳи имон ҳидоят кардааст, аз итоати аҳли китоб, ки онҳо доимо алайҳи мусалмонон мубориза мебаранд, дар ҳазар кунонида, мефармояд, ки ай касоне, ки имон овардаед, агар шумо тоифаеро аз аҳли китоб итоат кунед, шуморо аз имон ба куфр бармегардонанд.

Хулоса, Аллоҳтаъоло муъминонро ҳушдор медиҳад, ки агар шумо таҳти таъсири суханҳои заҳрогини душман воқеъ шавед ва ба онҳо иҷозат диҳед, ки байни шумо нуфуз пайдо кунанд, андак вақте намегузарад, ки шумо бо васвасаҳои онҳо риштаи имонро гусаста, ба сӯи куфр бармегардед, байни шумо чунон адоват пайдо мешавад, ки ба куштани ҳамдигар бармехезед. Онҳо васвасаҳои худро чунон идома медиҳанд, ки мусалмононро ба куллӣ аз Ислом бегона мегардонанд.

Агарчӣ маънои оят ом аст, локин баъзе муфассирони олиқадр сабаби нузули ояти каримаро хитоб барои қабилаи Авс ва Хазраҷ медонанд, чунки яҳудиён мехостанд, онҳоро чун замони ҷоҳилият бар зидди ҳамдигар шӯронанд.

Дар ояти зер ба тарзи тааҷҷуб аз муъминон савол мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)