Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 101
وَكَيْفَ تَكْفُرُونَ وَأَنْتُمْ تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ آيَاتُ اللَّهِ وَفِيكُمْ رَسُولُهُ ۗ وَمَنْ يَعْتَصِمْ بِاللَّهِ فَقَدْ هُدِيَ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ١٠١
Ва кайфа такфуруна ва антум тутло ъалайкум ойотуллоҳи ва фикум расулуҳ. Ва ма-й яътасим биллоҳи фақад ҳудия ило сироти-м мустақим. 101.
101. Ва чӣ гуна кофир мешавед ва ҳол он ки оятҳои Худоро бар шумо хонда мешавад ва пайғамбари Аллоҳ дар миёни шумост? Ва ҳар ки ба дини Аллоҳ чанг занад, пас батаҳқиқ, ба сӯйи роҳи рост ҳидоят шудааст.
Қавме ки дар миёни онҳо Пайғамбар алайҳиссалом бошад ва сухани Парвардигорро шабу рӯз (дам ба дам) ба онҳо расонад, оятҳои Қуръони карим ҳар замон ба тариқи ваҳй нозил шудан гиранд, мусалмонон худашон Қуръонро вақт-вақт тиловат кунанд, онҳо ин қадар соҳиби некбахтии бузург бошанд, чӣ гуна тасаввур кардан мумкин аст, ки онҳоро аҳли китоб аз роҳ мезананд ва онҳо ба ҷоҳилият баргашта кофир мешаванд??? Ҳаргиз! Хусусан дар шаъни саҳобагони Расулуллоҳ (с) чунин фикр кардан аз ақл дур аст. Қисми охири оят мефармояд, ки шахсе ба дине, ки Аллоҳ тавассути Расулуллоҳ (с) фиристодааст, доимо чанг занад ва бо таваккалу бо истимдоди комил дили худро ба ҳазрати Бори таъоло банд созад, ҳеҷ чиз ӯро наметавонад, аз сиротал мустақим (роҳи рост, роҳи ҳақ) боз дорад. Яъне инсоне, ки роҳи пешрафти маънавиро бо худ лозим гирад ва асосҳои исломиро масдару раҳнамои худ қарор диҳад ва ба онҳо амал кунад, он шахс ҳидоят ёфтааст. Барои тақвияти ин сухан ҳадисеро, ки Имом Аҳмад (раҳ.) аз Абдуллоҳ ибни Собит (р) ривоят кардаанд, далел меорем. Умар (р) ба хизмати Расулуллоҳ (с) рӯзе ҳозир шуданду пурсиданд: “Ай Расули Аллоҳ, як ошнои яҳудие аз Бани Қурайза доштам, ӯ барои ман аз Таврот аҷоиб чизҳоеро навишта дод, агар иҷозат бошад, онҳоро ба шумо нишон диҳам? Дар ин асно ранги Расулуллоҳ (с) тағйир ёфт. Абдуллоҳ ибни Собит ба Умар (р) гуфт: “Чеҳраи Расулуллоҳ (с)-ро дида истодаӣ?” Умар (р) гуфт: “Ба Аллоҳе, ки Ӯ Парвардигори ман аст ва ба Ислом, ки он дини ман аст ва ба Муҳаммад (с), ки ӯ Пайғамбари ман аст, ман розиям.” Дар ин асно Пайғамбар (с) ба худ омаданду гуфтанд: “Қасам ба Аллоҳ, агар Мӯсо (а) байни шумо ҳозир зинда бошаду итоъати маро монда, ӯро пайравӣ кунед, дар залолату гумроҳӣ ҳастед! Барои шумо-уммат пайғамбарӣ ин насибаи ман аст. Аз байни пайғамбарон насибаи шумо манам!” Бо ривояти Ҳофиз Абӯ Яъло ва Ҷобир (р) аз Расулуллоҳ (с) ҳодисаеро ривоят карданд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: Шумо аз аҳли китоб ҳеҷ чизро напурсед! Онҳо гумроҳанд, онҳо ҳаргиз шуморо бо роҳи ҳидоят роҳнамоӣ намекунанд. Агар ба онҳо бовар кунед, ё ботилеро тасдиқ мекунед ва ё ҳақиқатро ба дурӯғ нисбат медиҳед. Ба Аллоҳ қасам, ки агар Мӯсо ва Исо ҳоло зинда мебуданд, пайрави ман мешуданд, вагарна дигар роҳ барои онҳо ҳалол набуд.
Муфассирони олиқадр (чун соҳиби тафсири Кобулӣ) дар шарҳи ояти мазкур овардани ҳикояти дигареро низ ҷоиз донистаанд, ки хулосаи он ҳикоят ин аст: Аз таърихҳои исломӣ маълум мешавад, ки қабл аз Ислом байни қабилаҳои Авсу Хазраҷ, яъне мардуми Мадина ҷангҳои хунин мешуд, доимо байни онҳо адоват вуҷуд дошт. Аз он ҷумла, ҷанге бо номи “Биъос” муддати 120 сол давом кард. Дар охир ситораи толеи онҳо дурахшид, ҳазрати Пайғамбар (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданд. Онҳо аз таълимоти Исломӣ ва аз файзи сӯҳбати Пайғамбар (с) баҳравар шуданд ва ҳар ду қабила бо ҳам муттаҳид гаштанд, чун ширу шакар бо ҳам як шуданд. Яҳудиёни ҳасадхӯри Мадина инро таҳамул карда наметавонистанд. Онҳо яҳудиеро, ки Шос ибни Қайс ном дошт, барои васвосандозӣ ба ҷои ҷамъшавии мардум фиристоданд. Он палид фурсатро ғанимат шуморида, дар вақти муносиб кинаи фаромӯшшударо бо хондани шеъри фитнаангези ба ҷанги “Биъос” бахшидааш аз нав байни онҳо бедор сохт. Бо муҷарради шунидани ин ашъор, ахгари хомӯшшудаи онҳо бори дигар шӯълавар гардид. Аз таъназанӣ ба ҳамдигар гузашта, даст ба шамшер заданд. Чун Пайғамбар (с) аз ин ҳодиса огоҳ шуданд, ба гурӯҳе аз муҳоҷирон дар он вақт наздашон ташриф оварда буданд, гуфтанд: “Ай ҷамоъаи мусалмонон, аз Аллоҳ битарсед, ҳоло ман дар миёни шумоям, ин қадар наъраҳои ҷоҳилият барои чист? Оё пас аз он, ки Аллоҳ шуморо ба роҳи рост ҳидоят на
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
муд, бо Ислом шуморо иззат бахшиду мушарраф гардонид, зулмоти ҷоҳилиятро аз шумо дур гардонид ва дилҳои шуморо бо ҳам наздик сохт, аз куфре, ки хориҷ шудед, боз ба он бармегардед?” Чун онҳо даъвати Пайғамбар (с)-ро шуниданд, аслиҳаро бар замин гузошта, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду бо ҳам гиристанд ва донистанд, ки ин фитна аз ҷониби душманонашон тарҳрезӣ шудааст ва бояд онҳо дар оянда аз он барҳазар бошанд.
Хулоса, аз оятҳои гузашта маълум шуд, ки бояд мусалмонон ягон чизро аз аҳли китоб қабул накунанд.
Дар оятҳои оянда Аллоҳтаъоло мусалмононро ба иҷрои ду қоидаи асосӣ дар ҳоли ҳаёташон хитоб мекунад. Яъне дар имон доимо барқарор будан ва байни ҳамдигар бародариро барқарор нигоҳ доштан.