Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 167 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 167
وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ نَافَقُوا ۚ وَقِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا قَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَوِ ادْفَعُوا ۖ قَالُوا لَوْ نَعْلَمُ قِتَالًا لَاتَّبَعْنَاكُمْ ۗ هُمْ لِلْكُفْرِ يَوْمَئِذٍ أَقْرَبُ مِنْهُمْ لِلْإِيمَانِ ۚ يَقُولُونَ بِأَفْوَاهِهِمْ مَا لَيْسَ فِي قُلُوبِهِمْ ۗ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يَكْتُمُونَ ١٦٧
Ва ли яълама-л-лазина нофақу. Ва қола лаҳум таъолав қотилу фи сабилиллоҳи ав идфаъу. Қолу лав наъламу қитола-л ла-т-табаънокум. Ҳум лил куфри явмаизин ақрабу минҳум лил имон. Яқулуна би афвоҳиҳим-м мо лайса фи қулубиҳим. Валлоҳу аъламу би мо яктумун. 167.
167. Ва то ононро, ки мунофиқ шуданд, маълуму шинохта созад ва ҳол он ки барои онҳо гуфта шуд: «Биёед, дар роҳи Аллоҳ биҷангед ё аз худ дифоъ кунед!», гуфтанд: «(Ин ҷанг нест) Агар медонистем ҷанг хоҳад буд, ҳаройина, пайравии шуморо мекардем». Он рӯз ин гурӯҳ нисбат ба имон ба сӯйи куфр наздиктар буданд. Он чиро, ки дар дилашон нест, бо даҳонҳои хеш мегӯянд. Ва Аллоҳ ба он чӣ онҳо пинҳон медоранд, донотар аст.
Ҳодисае, ки дар Уҳуд аз сари мусалмонон гузашт, як василаи озмоиши онҳо буд, то ин ки муъминҳои ҳақиқиро аз мунофиқон мушаххас кунанд. Дар рӯзи шодӣ ҳама худро муъмин нишон медиҳанд. Бинобар ин, ояти мазкур мефармояд, ки он чӣ дар ғазои Уҳуд ҷамъияти мусалмонон бо мушрикони Макка бо ҳам дар омехтанд, ин ҳама бо ирода ва қазову қадари азалии Аллоҳ буд. Дигар ин ки то дониста шавад, ки кӣ дар сафи муъминон аст ва кӣ дар сафи мунофиқон. Дар ҳақиқат, мардум дар ғазои Уҳуд ба се гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳи аввал шахсоне буданд, ки то охир истодагарӣ карда, баъзеашон шарбати шаҳодатро нӯшиданд ва ё ҷароҳат бардоштанд. Гурӯҳи дувум шахсоне буданд, ки тарсу изтироб дар дилҳои онҳо падид омад, то охири маърака истодагарӣ карда натавонистанду по ба фирор гузоштанд. Гурӯҳи сеюм мунофиқон буданд, ки дар аснои роҳ, бо васвасаҳо ва бо баҳонаҳои зайл аз се яки лашкарро (тақрибан 300 нафарро) бо худ гирифта ба Мадина баргаштанд. Вақто ки мунофиқон бо сардории Абдуллоҳ ибни Убай нифоқи худро ошкор сохтанд, муъминон ба онҳо гуфтанд: “Биёед дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунед ё лоақал зану фарзанду ватани худро ҳимоя кунед!” Онҳо худро аз муъминон канор гирифта, бори дигар нифоқи худро зоҳир намуда, гуфтанд, ки ин амали шумо ҷанг нест, дар ҷанг бояд ду тараф баробар бошад, дидед тарафи душман чӣ қадар зиёд аст, ҷои шумо номуносибу адади шумо кам, чӣ хел бо он анбӯҳи калон бо ин адади кам меҷангед! Ин ҷанг нест, балки худкушӣ аст. Мо агар медонистем, ки шумо ҷанг меравед ва бо мо маслиҳат мекардед, албатта, мо тобеи шумо мешудем. Ҳоло ин кори шумо оқилона нест.
Ояти мазкур, баҳои чунин шахсонро дода фармудааст, ки он гурӯҳ дар чунин ҳолату дар чунин рӯз бо гуфтани ингуна суханҳо аз имон дида ба куфр наздиктар буданд. Мунофиқон чӣ суханҳое нагӯянд, дар ҳақиқат медонистанд, ки мушрикон аз ин қадар роҳи дур, аз Макка барои интиқом омаданд. Алабатта, ҷанг мешавад, ба ҷои он ки гӯянд мо тарсидем, ба ҷанг рафта наметавонем, аз роҳамон боз мегардем, онҳо гуфтанд ин ҷанг нест ва ғайра. Албатта, мунофиқ шахсест, ки ният ва қасди дар ботин доштаи худро бо дурӯғ рӯпӯш месозад. Ботинашон (дилашон) бо зоҳирашон (забонашон) мувофиқ нест. Онҳо дурӯяанд. Онҳо бо даҳон суханҳое мегӯянд, ки дар дилашон онро тасдиқ надоранд. Ҳол он ки Аллоҳтаъоло сирреро, ки мунофиқон дар дилҳои худ пӯшида медоранд, медонад.
Ояти зер шарҳи одати бади мунофиқонро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «