Сураи Оли Имрон Ояти 179 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 179 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 179

مَا كَانَ اللَّهُ لِيَذَرَ الْمُؤْمِنِينَ عَلَىٰ مَا أَنْتُمْ عَلَيْهِ حَتَّىٰ يَمِيزَ الْخَبِيثَ مِنَ الطَّيِّبِ ۗ وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُطْلِعَكُمْ عَلَى الْغَيْبِ وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يَجْتَبِي مِنْ رُسُلِهِ مَنْ يَشَاءُ ۖ فَآمِنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ۚ وَإِنْ تُؤْمِنُوا وَتَتَّقُوا فَلَكُمْ أَجْرٌ عَظِيمٌ ١٧٩

Мо коналлоҳу ли язара-л-муъминина ъало ма антум ъалайҳи ҳатто ямиза-л-хабисаа мина-т-таййиб. Ва мо коналлоҳу ли ютлиъакум ъала-л-ғайби ва локинналлоҳа яҷтаби ми-р-русулиҳо ма-й-яшаъ. Фа омину биллоҳи ва русулиҳ. Ва ин туъмину ва таттақу фа лакум аҷрун ъазим. 179.

179. Аллоҳ мусалмононро ҳаргиз бар он чи алҳол шумо бар он ҳастед, нагузорад, то нопокро аз пок ҷудо кунад ва Аллоҳ ҳаргиз шуморо бар ғайб огоҳ накунад, валекин Аллоҳ аз пайғамбарони худ ҳар киро хоҳад, бармегузинад. Пас, ба Аллоҳ ва ба паёмбарони Ӯ имон биёред ва агар имон ореду тақво кунед, шуморо музди бузург бошад.

Бо ривояти Абӯолия (р) сабаби нузули ояти мазкур чунин аст: “Саҳобагон аз Расулуллоҳ (с) дархост намуданд, ки барои мо нишонае бошад, то мо мунофиқро аз муъмин ҷудо карда тавонем.” Пас, ҳамоно Аллоҳтаъоло ояти мазкурро фуруд овард ва дар он фармуд, ки шумо (муъминон)-ро бо ин ҳоле, ки бо мунофиқон омехта, як ҷо зиндагонӣ мекунед, во намегузорем. Зеро сирри дили инсонро ба ғайри Аллоҳ ҳеҷ кас намедонад. Чун озмоишҳо паи ҳам оянд, сирри дарунии ҳар инсон фош мешавад, ки ӯ муъмин аст, ё мунофиқ. Вагарна илми ғайб хоси Худованд аст, ҳеҷ касро аз он огоҳ нагардонидааст, то шумо бо кунҷковӣ покро аз нопок дидан замон ҷудо карда тавонед. Ба истиснои Паёмбарон (а), ки Аллоҳтаъоло ҳар кадоми онҳоро хоҳад, аз илми ғайби худ огоҳашон мегардонад. Метавонем муъмин ва мунофиқро бо иршоди онҳо шиносем. Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) аз хабарҳои ғайбӣ маълумот медод, аз он ҷумла хабари шинохтани мунофиқон аз ӯ (с) низ содир шудааст. Ба ғайр аз ин, бо сабаби гуноҳи бисёр ва қаринаҳое, ки бар мунофиқ будани инсон далолат мекунанд, шахсони равшанбин метавонанд, мунофиқонро ташхис диҳанд. Аз он ҷумла, ғазои Уҳуд имтиҳони бузурге буд, ки мунофиқон мунофиқии худро ошкор намуда дар маъракаи ҷанг иштирок надоштанд. Аллоҳтаъоло дар охири ояти мазкур фармудааст, ки вақто, ки кор чунин бошад, пас ба Аллоҳ ва пайғамбаронаш имон биёред. Агар шумо имон биёред ва тақво кунед, барои шумо подоши бузург хоҳад буд. Бо роҳи дигар чунин аҷри бузургро ба даст овардан аз имкон берун аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 178 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 180 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)