Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 180 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 180
وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَبْخَلُونَ بِمَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ هُوَ خَيْرًا لَهُمْ ۖ بَلْ هُوَ شَرٌّ لَهُمْ ۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُوا بِهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ وَلِلَّهِ مِيرَاثُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ ١٨٠
Ва ло яҳсабанна-л-лазина ябхалуна би ма отоҳумуллоҳу мин фазлиҳи ҳува хайра-л-лаҳум. Бал ҳува шарру-л лаҳум. Са ютаввақуна мо бахилу биҳо явма-л қийомаҳ. Ва лиллоҳи миросау-с-самовоти ва-л-арз. Валлоҳу би мо таъмалуна Хабир. 180.
180. Ва касоне ки ба он чӣ Аллоҳ аз фазли Худ ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки ин бухл барояшон беҳтар бошад, балки барои онҳо бисёр бад аст, наздик аст, ки рӯзи қиёмат он чи бухл варзидаанд, тавқи гарданашон мешавад. Ва Аллоҳрост мероси осмонҳо ва Замин. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст!
Дар ин оят ҳоли онҳо, ки бахилӣ намуда, дар ҷамъоварии молу сарват ва ҳифзи он мекӯшанду дар роҳи ризои Аллоҳ садақа, ҳатто закот намедиҳанд, рӯзи растохез чӣ ҳол доранд, эзоҳ меёбад. Агарчанде дар ояти мазкур зикри закот сароҳатан набошад ҳам, локин ҷумҳури муфассирон бар он иттифоқанд, ки ин оят дар бораи боздорандагони закот нозил шудааст. Умуман таълимоти дини Ислом чунин аст, ки ҳар молеро, ки Аллоҳтаъоло аз фазли худ ба инсоне диҳад, он моли амонат буда, соҳиби асосии он мол Аллоҳ аст. Бинобар ин, лозим аст, ки он мол дар роҳе сарф шавад, ки Аллоҳ розӣ бошад. Аммо шахсоне, ки молро меғундоранд, бахилӣ карда дар роҳи ризои Аллоҳ сарф намекунанд, тасаввур накунанд, ки чунин амал ба суди онҳост. Баръакс, бар хилофи тасаввури онҳо буда, зиёни онҳост. Яъне сарнавишти инсонҳои бахил чунин аст, ки он моле ки закоташро надоданд, рӯзи растохез тавқи гарданашон мешавад. Ба маънои ин ҷузъи ояти мазкур дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р) ҳадисе аз Расулуллоҳ (с) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Аллоҳтаъоло ба касе аз фазли худ мол диҳаду ӯ закоти он молро надиҳад, рӯзи қиёмат он мол ба шакли мори афъии калон мегардаду гардани ӯ мепечад ва ду тарафи даҳони ӯро гирифта ӯро неш зада мегӯяд: “Ман он молам, ки маро хазина карда будӣ”. Дар давоми мазмуни ояти мазкур омада, ки меросбарандаи тамоми осмонҳо ва Замин Аллоҳ аст. Оре! Инсон ҳар чӣ қадар умр бинад, ҳар чӣ қадар молу мулк ҷамъ кунад ҳам, оқибати ӯ мурдан аст. Ҳеҷ инсон дар ин дунё ҷовидон намондааст. Ҳар чӣ ҷамъ кунаду бахилӣ карда закоти ӯро надиҳад, дар роҳи ризои Аллоҳ сарф накунад, дар охир ҳама аз сараш мемонад. Хулоса, барои соҳибмолҳо чӣ беҳтар мешуд, ки пеш аз ҷудо шудан аз молҳои худ бо додани закоту нафақа дар роҳи Аллоҳ, худро аз баракоти маънавии он мол баҳравар мекарданд, аз масъулияти он ва дар ҳасрату надомат мондан дар рӯзи қиёмат худро халос мекарданд.
Ҷузъи охири оят хитоб намуда мефармояд, ки агар шумо бахилӣ кунед ё дар роҳи ризои Аллоҳ ба дармондагон кӯмак кунед, ҳамаро Аллоҳ медонад, мувофиқи он ба шумо ҷазо ё подоши арзанда медиҳад. Бо ҳамин оятҳое, ки марбут ба ғазои Уҳуд буданд, ба охир расиданд. Ҷузъиёти боқимондаи ғазои Уҳудро аз китобҳои дигар ҷӯё шавед.
Оятҳои зер аз макри яҳудиён сухан мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «