Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 181 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 181
لَقَدْ سَمِعَ اللَّهُ قَوْلَ الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ فَقِيرٌ وَنَحْنُ أَغْنِيَاءُ ۘ سَنَكْتُبُ مَا قَالُوا وَقَتْلَهُمُ الْأَنْبِيَاءَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَنَقُولُ ذُوقُوا عَذَابَ الْحَرِيقِ ١٨١
Лақад самиъаллоҳу қавла-л-лазина қолу инналлоҳа фақиру-в ва наҳну ағнийаъ. Са нактубу мо қолу ва қатлаҳуму-л-анбийаа би ғайри ҳаққи-в ва нақулу зуқу ъазоба-л-ҳариқ. 181.
181. Батаҳқиқ, Аллоҳ сухани ононеро шунид, ки гуфтанд: «Ҳаройина, Худо фақир асту мо тавонгарем». Он чиро, ки гуфтанд ва пайғамбаронро ба ноҳақ куштанд, ба зудӣ хоҳем навишт ва бигӯем: «Азоби сӯзандаро бичашед!».
Сабаби нузули ин оятро муфассирон аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: “Расулуллоҳ (с) Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро ба маркази тадрисии яҳудиёне, ки Байтулмидрос ном дошт, бо номае фиристод. Чун Абӯбакр (р) дохили он шуд, дид, ки яҳудиён атрофи Финҳос ибни Озуроа гуфтани шахс, ки яке аз олимони онҳо ҳисоб мешуд, ҷамъ омадаанд. Вақто ки Абӯбакр (р) ба онҳо номаро хонданд, Финҳос мазоҳ кард. Абӯбакр (р) ба ӯ гуфт: “Вой бар ту! Аз Худо битарс! Мусалмон шав! Қасам ба Аллоҳ, ту медонӣ, ки Муҳаммад (с) Расули Аллоҳ асту барои ошкор сохтани ҳақиқат омадааст. Шумо номи ӯро дар китобҳои худ Таврот, Инҷил ошкоро навишташуда, ёфтед, боз чӣ чиз шуморо аз Ислом овардан, манъ месозад?” Дар ҷавоб Финҳос мағрур ба сарвати худ шуда ё барои мардумро дар шак андохтан бо Абӯбакр (р) ишора ба ояти 11-уми сураи Ҳадид намуд: “Ман юқризуллоҳа қарзан ҳасано” – “Кист, ки ба Аллоҳ қарзи ҳасана диҳад?” ва ҳамчунин ишора ба ҷузъи ояти 276 сураи “Бақара” “Юрбис садақот” – “Худованд бар садақот меафзояд” ва гуфт: “Мо ба Худо ҳеҷ ниёзе надорем, Ӯст ки ба мо ниёзманд аст. Мо, чуноне ки Ӯ аз мо тазаррӯъ мекунаду қарз мепурсад мо аз Ӯ қарз намепурсем. Агар Ӯ аз мо бениёз буд, чуноне ки рафиқи шумо (Муҳаммад) мегӯяд, Ӯ аз мо чаро қарз мепурсад?” Мо аз Худо дида бойтарем, агар Ӯ ғанӣ мешуд, аз мо қарз намепурсид. Баъд ишора ба ҷузъи ояти 276-уми сураи “Бақара” намуда гуфт: “Ӯ шуморо аз рибохӯрӣ наҳй мекунаду моро рибо медиҳад? Агар Худо бой мебуд, моро рибо ваъда намедод.” Дар ин асно Абӯбакр (р) дар ғазаб шуд ва ба рӯи Финҳос шаппотие зада гуфт: “Ай душмани Худо, агар байни мо ва шумо аҳдномае имзо намебуд, ба Аллоҳ қасам, ки саратро аз тан ҷудо месохтам.” Хулоса, Финҳос назди Расулуллоҳ (с) меравад ва аз Абӯбакр (р) шикоят мекунад, ки бин рафиқи шумо ба мо чӣ кард!? Расулуллоҳ (с) Абӯбакр (р)-ро мепурсад, ки чаро чунин кардӣ? Абӯбакр дар ҷавоб мегӯяд, ки эй Расулуллоҳ (с), ин душмани Худо бисёр сухани носазои (баде) бузурге дар шаъни Аллоҳ гуфт: “Ба фикри ин душман, гӯё Аллоҳ фақир будаасту онҳо тавонгару бой. Ғазабам омад ва як торсакӣ ба рӯяш задам.” Финҳос аз сухани гуфтаи хеш мункир шуд, дар ин асно дар радди Финҳос ва шахсони амсоли он ояти мазкур нозил шуда, тасаввури нодурусти яҳудиёнро ботил сохта фармуд, ки дар ҳақиқат, Аллоҳтаъоло он сухани куфромези яҳудиёнро, ки гуфтанд гӯё Аллоҳ дарвешу камбағал асту онҳо тавонгару бой ҳастанд, шунид. Агар он суханро ҳоло дар назди мардум инкор кунад, ҳам дар пешгоҳи Худованд, ки ҳама суханро мешунавад, инкор карда наметавонад. Аллоҳтаъоло на танҳо суханҳои онҳоро мешунавад, балки онҳоро гӯшзад намуда мегӯяд, ки Ман суханҳои онҳоро менависам, яъне Аллоҳ кироманкотибинро амр намудааст, то суханҳои онҳоро дар девони аъмолашон нависанд. Инчунин Аллоҳ амали аҷдодони онҳо, ки пайғамбарони Аллоҳро ноҳақ ба қатл расониданд ва ҳатто ҳазрати Исо (а)-ро низ куштанӣ шуданд, медонад. Финҳосу амсоли ӯ ба чунин корҳои бади бобоҳои худ розиянд, инро низ менависем.
Ин ақида саҳеҳ аст, ки муборизаи яҳудиён зидди пайғамбари Аллоҳ кори нахустин нест, онҳо дар тӯли таърихи худ чунин ҷиноятҳои фаровоне доранд. Аз қавми ба қатли паёмбарони Аллоҳ ҷуръат карда, шунидани суханҳои куфромез ва инкори ин суханҳо, тааҷҷубовар нест.
Хулоса, рӯзи растохез он навиштаҷоте, ки дар дафтари аъмоли онҳост, ба онҳо нишон дода мешавад ва аз номи Аллоҳтаъоло фариштагон ба чунин шахсон мегӯянд, ки акнун дар ивази амалҳои содиркардаатон азоби сӯзонро чашед!
Ояти зер давоми ояти қаблӣ буда, маънои онро, иншоаллоҳ, пурра месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «