Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 182 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 182
ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ ١٨٢
Золика би мо қаддамат айдикум ва анналлоҳа лайса би залломи-л лил ъабид. 182.
182. Ин азоб ба сабаби он амалест, ки дастони шумо пеш фиристодааст. Ва ҳаройина, Аллоҳ бар бандагони Худ ситамкор нест.
Чунин тоифаҳо, ки сифаташон дар ояти қаблӣ гузашт, бе сабаб ба он азоби сӯзон сазовор намешаванд. Балки онҳо бо хоҳиши худ гуноҳҳои бузургеро содир кардаанд, ки худро гирифтори чунин азоби илоҳӣ гардонидаанд. Аллоҳтаъоло Зоти одил аст, зулмро ба ҳеҷ кас раво намебинад. Албатта, азобе, ки ба онҳо мечашонад, ситам набуда, балки айни адолат аст.
Сабаби нузули ояти баъдиро Имом Фахри Розӣ дар “Тафсири кабир” аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин ривоят мекунанд, ки ҷамоате аз яҳудиён, аз он ҷумла Каъб ибни Ашраф, Молик ибни Сайф, Финҳос ибни Озуроа ва дигарон, назди Пайғамбари Аллоҳ (с) омада гуфтанд, ки ай Муҳаммад, ту худро пайғамбари Аллоҳ мепиндорӣ ва мегӯӣ, ки Аллоҳ барои ман китобе фиристодааст. Ҳол он ки дар Таврот ба мо аҳди Аллоҳтаъоло шудааст, ки агар шахсе даъвои пайғабарӣ кунад, бояд қурбонӣ кунад ва оташе аз осмон омада онро сӯзонад, яъне то ин мӯъҷизаро набинед, ба ӯ имон наоред ва ӯро бовар накунед. Агар ту ҳам ҳайвонеро қурбонӣ кунӣ, агар чунин шавад, мо ба ту имон меорем. Ҳамоно буд, ки ояти зер нозил шуд, дурӯғ ва баҳонаи онҳоро ошкор намуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «