Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 183 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 183
الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ عَهِدَ إِلَيْنَا أَلَّا نُؤْمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّىٰ يَأْتِيَنَا بِقُرْبَانٍ تَأْكُلُهُ النَّارُ ۗ قُلْ قَدْ جَاءَكُمْ رُسُلٌ مِنْ قَبْلِي بِالْبَيِّنَاتِ وَبِالَّذِي قُلْتُمْ فَلِمَ قَتَلْتُمُوهُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ ١٨٣
Ал-лазина қолу инналлоҳа ъаҳида илайна алло нуъмина ли расулин ҳатто яътияно би қурбонин таъкулуҳу-н-нор. Қул қад ҷаакум русулу-м мин қабли би-л-баййиноти ва би-л-лази қултум фа лима қаталтумуҳум ин кунтум содиқин. 183.
183. (Ба) шахсоне ки гуфтанд: «Ҳаройина, Аллоҳ ба сӯйи мо аҳд фиристодааст, ки ба ҳеҷ пайғамбар имон наорем, то он ки моро қурбоние биёрад, ки онро оташ бихӯрад», бигӯ: «Батаҳқиқ, пайғамбароне пеш аз ман ба шумо нишонаҳоро, (ҳатто) он нишонаҳое, ки шумо гуфтед, оварданд, пас, агар ростгӯ ҳастед, чаро онҳоро куштед?».
Яҳудиён аз Худо натарсида, доимо суханҳои бофтаи худро ба Таврот нисбат медиҳанд. Агар мақсадашон аз чунин ҳуҷҷатронӣ имон овардан бошад, бисёр хуб, локин матлабашон саркашӣ аз имону Ислом буд. Агар гуфташон мешуд, боз баҳонаи дигаре меёфтанд.
Хулоса, чуноне ки дар муқаддимаи ояти мазкур иҷмолан гузашт, онҳо шахсонеанд, ки дар ҳар давру замон аз пайғамбарон мӯъҷизаҳо талаб намуда, ваъда ба имон овардан медоданд. Ҳамин ки мӯъҷизаро медиданд, бо баҳонае аз ваъдаи худ сар метофтанд. Бинобар ин, Қуръони карим воқеаҳоеро, ки бани Исроил аз сар гузаронидаанд, ба онҳо хотиррасон месозад. Дар ояти мазкур Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) амр мекунад, ки агар онҳо гӯянд, ки аз тарафи Аллоҳтаъоло дар Таврот ба мо аҳд шудааст, ки шахсе даъвои пайғамбарӣ дорад, бояд ҳайвонеро қурбон кунаду оташе аз осмон омада онро хӯрад (яъне, нест кунад), мо инро дида имон меорем, дар ҷавоби чунин шахсон бигӯ, ки агар дар он чи ки шумо мегӯед, ростгӯ бошед ва имон оварданатонро ба дидани чунин мӯъҷизаи махсус мавқуф гузоштанӣ бошед, чаро гузаштагони шумо ба пайғамбароне, ки бо талаби онҳо мӯъҷизаҳои бисёр ва махсус нишон доданд, имон наоварданд? Чаро онҳоро ба қатл расониданд?! Ҳоло шумо ҳам аз бобоҳоятон монданӣ надоред! Яҳудиёни ҳамасри Расулуллоҳ (с), ки аз афъоли гузаштагони худ розианду пайравии онҳоро намудаанд, таҳти хитобу итоби ояти мазкур қарор гирифтанд. Дар ҳақиқат, таърихро инкор карда намешавад. Пайғамбароне гузаштаанд, ки чунин мӯъҷизаҳо оварда буданд. Агар умматашон чизеро барои ризои Аллоҳ қурбон ва ё назр мекарданд оташе аз осмон меомаду онҳоро мехӯрд, ки аломати қабули он ибодат ҳисобида мешуд. Агар дар Таврот чунин суханҳо (ба шарте) омада бошад ҳам, он ба таври қисса омадааст, на ба таври ҳукм. Ҳар чизе, ки ҳукм набошад, лозим нест, ки барои исботи пайғамбарии ҳар пайғамбар албатта чунин мӯъҷиза лозим бошад. Аллоҳтаъоло ҳар пайғамбарро мувофиқи аҳволи асри худ мӯъҷизаҳои махсус медиҳад. Чунин суханҳоро гуфтан як баҳона аст, на ҳақиқат.
Ояти зер Пайғамбари Аллоҳ (c)-ро хитоб намуда даъват менамояд, ки агар озоре аз яҳудиён ба ӯ расад, нороҳат набошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «