Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 21
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡفُرُونَ بَِٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلنَّبِيِّۧنَ بِغَيۡرِ حَقّٖ وَيَقۡتُلُونَ ٱلَّذِينَ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡقِسۡطِ مِنَ ٱلنَّاسِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ٢١
Инна-л-лазина якфуруна би ойотиллоҳи ва яқтулуна-н-набиййина би ғайри ҳаққи-в ва яқтулуна-л-лазина яъмуруна би-л-қисти мина-н-носи фа башширҳум би ъазобин алим. 21.
21. Ҳаройина, ононе ки ба оятҳои Аллоҳ кофир мешаванд ва пайғамбаронро ба ғайри ҳақ мекушанд ва аз мардум ононеро, ки ба адл амр мекунанд, (онҳоро низ) мекушанд, пас, онҳоро, ба азоби дарднок мужда деҳ.
Валлоҳу аълам, ояти мазкур барои шахсоне, ки дар онҳо сифати худотарсӣ нест, мазаммат аст. Онҳо се ҷурми бузург доранд: 1-ум: Оятҳои Аллоҳро инкор карданд. 2-юм: Пайғамбаронро ба қатл расониданд. 3-ум: Шахсонеро, ки мардумро ба роҳи рост даъват менамуданд, куштанд. Бинобар ин, онҳоро башорат деҳ, ки аз тарафи Парвардигор барои шумо ҷазо ва азоби ҷонсӯзи аламнок муайян шудааст. Ҳадисеро, ки Ибни Аби Ҳотам (р) аз Абӯ Убайда ибни Ҷарроҳ (р) ривоят кардаанд, чунин аст. Номбурда мегӯяд, ки гуфтам ай Расули Аллоҳ, сахттарин азоби рӯзи қиёмат барои кист? Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб ояти мазкурро тиловат намуданд. Яъне сахттарин азоби рӯзи қиёмат барои шахсест, ки пайғамбареро куштааст, ё шахсеро куштааст, ки вай мардумро амри маъруфу наҳйи мункар кардааст. Дар давоми суханашон гуфтанд: “Ай Абӯ Убайда, (замоне буд, ки) Бани Исроил дар аввали рӯз дар як соат 43 нафар пайғамбарро ба қатл расониданд. 70 нафар обидони Бани Исроил қиём намуда, қотилҳоро амри ба маъруфу наҳй аз мункар менамуданд, онҳоро низ то охири рӯз ба қатл расониданд, он чи, ки дар ин оят Аллоҳ зикр кардааст, ишора ба онҳост.”
Хонандаи мухлис, агарчӣ раванди ояти мазкур, барои Бани Исроил нигаронида шуда бошад ҳам, локин ин нуктаро набояд фаромӯш сохт. Дар ҳадисе омадааст, ки олимҳои уммати ман мисли пайғамбарони Бани Исроиланд. Бинобар ин, суду зиёни шахсонеро, ки алайҳи пайғамбарон ва алайҳи шахсоне, ки амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд, мубориза мебаранд, бори дигар ояти зер, иншоаллоҳ, эзоҳ медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «