Сураи Оли Имрон Ояти 199 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 199 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 199

وَإِنَّ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَمَنْ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْكُمْ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِمْ خَاشِعِينَ لِلَّهِ لَا يَشْتَرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۗ أُولَٰئِكَ لَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ ١٩٩

Ва инна мин аҳли-л-китоби лама-й юъмину биллоҳи ва ма унзила илайкум ва ма унзила илайҳим хошиъина лиллоҳи ло яштаруна би ойотиллоҳи сааманан қалило. Улаика лаҳум аҷруҳум ъинда Раббиҳим. Инналлоҳа сариъу-л-ҳисоб. 199.

199. Ҳаройина, аз аҳли Китоб касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва ба он чӣ ба сӯйи шумо фурӯ фиристода шудааст ва ба он чӣ ба сӯйи онҳо низ фурӯ фиристода шудааст, имон меоранд ва барои Аллоҳ таслимшавандагонанд ва оятҳои Аллоҳро ба баҳои андак нафурӯшанд, барои онҳост подош назди Парвардигорашон. Албатта, Аллоҳ зуд ҳисобгиранда аст.

Муфассирони олиқадр бо ривояти Ибни Аббос (р) ва Имом Ҳасан (р) сабаби нузули ояти мазкурро дар ҳаққи Наҷҷошӣ подшоҳи Ҳабашистон донистаанд. Яъне чун ӯ аз қавми худ пинҳон имон оварда буд, чанде пас аз олам гузашт, Ҷабраил (а) хабари марги ӯро ба Расулуллоҳ (с) расонд. Расулуллоҳ (с) саҳобагонро амр намуда гуфт: “Хезед, барои бародаратон, Наҷошӣ, намоз хонед!” Расулуллоҳ (с) бо асҳобашон намози ҷанозаи ғоибона дар ҳаққи ӯ хонданд. Баъзе аз саҳобагон, ки аз ҳақиқати кор бехабар буданд, гуфтанд: “Оё мо барои яке аз кофирони Ҳабашистон ҷаноза мехонем?” Ҳамоно Аллоҳтаъоло ояти мазкурро нозил намуд. Сифату баҳои чунин шахсони ангуштшуморро баён намуда фармуд, ки ҳастанд гурӯҳе аз аҳли китоб, хоҳ яҳуд бошанд, хоҳ насоро дар ҳақиқат ба Аллоҳ ва ба он китобе, ки барои шумо нозил шудааст, яъне ба Қуръон ва ба он китобҳое, ки барои онҳо (Тавроту Инҷил) нозил шудааст, мисли Абдуллоҳ ибни Салом (р) ва асҳоби ӯ ва мисли Наҷошӣ подшоҳи Ҳабашистон ва тобеони ӯ, бо камоли фурӯтанӣ бе тағйиру бе табдил имон биёранд ва оятҳои Парвардигорро бо баҳои андак нафурӯшанд. Онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки Аллоҳтаъоло онҳоро дар роҳи ҳидоят ёрӣ додааст ва он аҷру савобе, ки назди Аллоҳ доранд, Аллоҳтаъоло ба онҳо дучанд медиҳад. Дучанд савоб барои он, ки аввал дар шариати худашон мустақим буданд ва чун Қуръон нозил шуду Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ мушарраф шуданд, ба инҳо низ имон оварданд, савоби дигар аз ин амалашон соҳиб шуданд.

Дар поёни оят омада, ки Аллоҳтаъоло зуд ҳисобгиранда аст. Бале! Дар қиёмат ҳеҷ некӯкор барои дарёфти подоши амалҳои неки худ ҳеҷ мушкилиеро намебинад. Ҷазои бадкорон бошад, лаҳзае ба таъхир намеафтад. Чунин мазмунро дар сураи “Бақара” ояти 202 ва дар сураи “Қасас” ояти 54 комил кардан мумкин (Т.“Баҳрул муҳит” ва Қуртубӣ).

Аллоҳтаъоло сураи мазкурро бо як васияте, ки ҷамъкунандаи некбахтии дунё ва охират аст, ба охир расонида гуфт, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 198 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 200 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)