Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 22
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٢
Улаика-л-лазина ҳабитат аъмолуҳум фи-д-дунйо ва-л-охирати ва мо лаҳум-м ми-н-носирин. 22.
22. Ин гурӯҳ касонеанд, ки амалҳои онҳо дар дунё ва охират зоеъ (нобуд) шудааст ва онҳоро (дар он рӯз) ҳеҷ мададгор нест.
Зимни ин оят Аллоҳтаъоло хабар медиҳад, ки он гурӯҳе, ки сифаташон дар ояти қаблӣ гузашт, чунин инсонҳоянд, ки ба сабаби имон надоштан ва ба оятҳои Аллоҳ кофир шуданашон, ҳар амали солеҳро, ки карда бошанд, дар дунё ва охират, фоидае аз он амалҳо барояшон нест. Зеро ҳамаи онҳоро дар ҳамин дунё ба хотири он гуноҳони бузург ҳабата сохтаанд. На он амалҳои некашон барои онҳо савоб ҳисобида мешаваду на аз азоб наҷоташон медиҳад. Агар дар дунё ё дар охират азоби Аллоҳ ба сарашон биёяд, ягон ёвар ё шафоаткунандае надоранд, то онҳоро наҷот диҳанд. (Маънои ҳабата шудани амалҳо дар сураи “Бақара”, ояти 217 низ гузашт, метавонед аз он маълумоти худро пурра созед!).
Ояти зер бори дигар аз саркашии аҳли Китоб сухан мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «