Сураи Оли Имрон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 29

قُلۡ إِن تُخۡفُواْ مَا فِي صُدُورِكُمۡ أَوۡ تُبۡدُوهُ يَعۡلَمۡهُ ٱللَّهُۗ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ٢٩ 

Қул ин тухфу мо фи судурикум ав тубдуҳу яъламҳуллоҳ. Ва яъламу мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арЗ. Валлоҳу ъало кулли шай-ин қадир. 29.

29. Бигӯ: «Агар он чӣ дар синаҳои шумост, пинҳон кунед, ё онро ошкор кунед, Аллоҳ медонад ва он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, медонад. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност».

Ояти мазкур шадидан ҳушдор медиҳад, ки Аллоҳтаъоло аз ҷамии афъоли бандагони худ бе шакку шубҳа бохабар аст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро мефармояд, ки ба мардум бигӯ, ки агар шумо ҳар чиро, ки дар синаҳои худ пинҳон медоред, ё зоҳир месозед, Аллоҳтаъоло медонад. Ҳатто он чи дар осмонҳо ва Замин пайдо мешавад, аз ҳамаи онҳо бохабар аст. Аз он ҷумла, ҳар инсоне бо душманони Аллоҳ пинҳонӣ дӯстию аҳду паймону ҳамкорӣ мекунад ва такя бар онон дорад, онҳоро низ медонад. Дар ин оят таҳдиди шадид барои шахсоне, ки истиснои ҷузъи ояти қаблиро сӯйистифода намуда, бо баҳонаҳо кофирону душманони Исломро дӯст мегиранд ва ба онҳо робитаи дӯстӣ барқарор мекунанд, онҳоро дар ватанҳои мусалмоннишин бо ғаразҳои пинҳоне, ки доранд, ҷой медиҳанд, ва он кофирон баъди чанд сол мақсади нопоки худро алайҳи Ислому мусалмонон зоҳир месозанд мавҷуд аст. Ин ҳама амалҳои онҳо назди Аллоҳ махфӣ намемонад. Албатта, чунин шахсон назди Аллоҳ бе ҷазо намемонанд, зеро Аллоҳтаъоло ба ҳама кор, яъне ба ҷазо додани шахсоне, ки амри Ӯро итоат накардаанд, қодир аст. Худованд шахси ислоҳкору фасодкорро медонад, Худоро бо пинҳонкорӣ, чунонеки ояти зер мефармояд, фиреб дода намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)