Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 30
يَوۡمَ تَجِدُ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ مِنۡ خَيۡرٖ مُّحۡضَرٗا وَمَا عَمِلَتۡ مِن سُوٓءٖ تَوَدُّ لَوۡ أَنَّ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَهُۥٓ أَمَدَۢا بَعِيدٗاۗ وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفۡسَهُۥۗ وَٱللَّهُ رَءُوفُۢ بِٱلۡعِبَادِ ٣٠
Явма таҷиду куллу нафси-м мо ъамилат мин хайри-м муҳЗара-в ва мо ъамилат мин суи тавадду лав анна байнаҳо ва байнаҳу амадам баъидо. Ва юҳаззирукумуллоҳу нафсаҳ. Валлоҳу Рауфун би-л-ъибод. 30.
30. Он рӯзе ки ҳар кас, он чӣ аз некӣ амале кардааст ва он чӣ аз бадӣ амал кардааст, ҳозир ёбад, дӯст дорад, ки кош дар миёни вай ва он бадӣ масофаи дуре мебуд. Ва Худо шуморо аз Худ барҳазар медорад ва Аллоҳ нисбати бандагони Худ бисёр меҳрубон аст.
Ҳар инсон ҷазо ва подоши амалҳои дар дунё содиркардаашро хоҳ хайр бошанд, хоҳ шарр, ба пуррагӣ дар рӯзи қиёмат ҳозир мебинад. Яъне, агар амалҳо хайр бошанд, соҳибашонро хурсанду хушбахт мегардонанд. Агар онҳо бад бошанд, соҳиби аъмоли бад орзу мекунад, ки кош ин амалро намедид ва дӯст дораду орзу кунад, ки байни ӯ ва он амалҳои бад мисли машриқу мағриб фосила бошад. Кофирон, ҳама вақт ҳаракат мекунанд, ки алайҳи мусалмонҳо кори бадеро кунанду исноде ба худи онҳо набошад. Бояд донанд, ки дар қиёмат чунин нест. Чунонеки дар ояти қаблӣ гузашт, Аллоҳтаъоло аз макру ҳилаҳои онҳо бохабар аст, онҳо аз ҷазои амалҳои бадашон халосӣ надоранд. Ҳама баду некро ҳисоб карда, номаи аъмолашон мувофиқи амали дар дунё содиркардаашон ба дасташон супурда мешавад. Дигар ҳасрату пушаймонӣ барои онҳо суде надорад. Дар охири оят Аллоҳтаъоло бо таъкиду бо ваъид мефармояд, ки Аллоҳтаъоло аз азобаш шуморо метарсонад. Баъдан Аллоҳтаъоло, то ин ки бандагон ноумед нашаванд, барои умедвории онҳо мефармояд, ки Аллоҳтаъоло барои бандагони худ бисёр меҳрубон аст. Оре! Ин меҳрубонии Аллоҳтаъоло аст, ки ба такрор дар чунин оятҳо бандагони худро пеш аз омадани он рӯзи вазнин аз Худ метарсонад, то ин ки даст аз гуноҳ бардоранд, огоҳ сохтааст, ки дӯстӣ бо кофиронро як сӯ гузоранд. Зеро Аллоҳ дӯст медорад, ки бандагон дар роҳи ризои Парвардигор қадам зананд, Расули акрам (с)-ро итоат кунанд ва аз қаҳри Парвардигор пеш аз вақт, барои наҷоти худ омодагӣ бигиранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «