Сураи Оли Имрон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 28

لَّا يَتَّخِذِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۖ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ فَلَيۡسَ مِنَ ٱللَّهِ فِي شَيۡءٍ إِلَّآ أَن تَتَّقُواْ مِنۡهُمۡ تُقَىٰةٗۗ وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفۡسَهُۥۗ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلۡمَصِيرُ ٢٨ 

Ло яттахизи-л-муъминуна-л-кофирина авлийаа мин дуни-л-муъминин. Ва ма-й яфъал золика фа лайса миналлоҳи фи шай-ин илла ан таттақу минҳум туқоҳ. Ва юҳаззирукумуллоҳу нафсаҳ. Ва илаллоҳи-л масир. 28. 

28. Бояд муъминон кофиронро аз ғайри муъминон дӯст нагиранд. Ва ҳар кӣ чунин кунад, пас, ӯ дар ҳеҷ чизе дӯсти Худо нест, магар ин ки бо навъе аз ҳазар кардан дафъи шарри онҳо кунед. Ва Худо шуморо аз Худ метарсонад ва бозгашт ба сӯйи Худо аст.

Аз оятҳои қаблӣ маълум гашт, ки зимоми тамоми оламҳо, иззату ҷоҳ дар ихтиёри Аллоҳ аст, мулкдиҳандаву аз касе мулкро гиранда, ризқдиҳандаву маҳрумкунанда Аллоҳ аст. Хулоса, тадбири тамоми оламҳо дар ихтиёри Аллоҳтаъолост. Вақто ки Аллоҳтаъоло чунин зотест, ҳеҷ мумкин нест, ки ҳар шахсе, ки дар дили худ заррае имон дорад, душмани Худоро дӯст гирад. Аз барои ҳамин Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур муъминонро шадидан наҳй намуда мефармояд, ки набояд муъминон кофиронро аз самими қалб бо муҳаббати том дӯсту ёвари худ гиранд ва бо дӯстони Худо – бо муъминон дар ихтилоф бошанд. Аз ҷумлаи номаъқул ин аст, ки инсон муҳаббати Аллоҳ ва муҳаббати душманони Ӯро дар як дил ҷамъ созад. Агар инсоне бо душманони Аллоҳ дӯстӣ кунад, онҳоро дӯст дорад, чунин шахс дар назди Аллоҳ ҳеҷ чизе надорад. Яъне ӯ дар аҳди Худо нест ва ба Аллоҳ ҳеҷ алоқае надорад ва риштаи алоқаро гусастааст. Инсоне, ки дӯсту ёвари кофирон шавад, метавон гуфт, ки ӯ аз ҷумлаи онҳост. Агар дӯстӣ бо онҳо ба хотири касбу қудрат, сарвату иззат бошад, ҳамаи ин ба ихтиёри Худованд аст. Хулоса, Ислом бо мардуми диндор, ё ғайри он, муомилаи хуб бурданро рад намекунад. Локин дӯст гирифтани кофиронро, ба онҳо боварӣ кардан, ҳама корро ба онҳо супориданро, чунонеки аз таҷрибаҳо маълум аст, ба истиснои баъзе ҳолатҳо иҷозат намедиҳад. Яъне агар инсоне аз кофирон хавфи молу ҷон дошта бошад, бо (рӯпӯши мақсади аслии худ) аз зарари онҳо худро нигоҳ дорад, рӯякӣ (на ҳақиқӣ) изҳори сулҳу дӯстӣ ба онҳо кунад, дуруст аст. Чунин навъи алоқа ва сулҳ мисли мадоро бо шахсони беақл аст. Ҳа, шумо хубу нағз гуфта, худро ва номусро аз онҳо нигоҳ медоред. 

Дар охири ояти мазкур Аллоҳтаъоло шахсонеро, ки бо душманони Ӯ дӯстӣ мекунанду бо дӯстони Ӯ душманӣ, аз азоби худ дар ҳазар кунонида метарсонад, ки бояд муъминон тарси Аллоҳро аз тарси мардум муқаддам донанд, зеро хоҳам нохоҳам, бозгашти ҷамии инсонҳо, хоҳ солеҳ бошанду хоҳ толеҳ, ба сӯи Парвардигор аст ва ҳар амалкунандаро мувофиқи амалаш ё подош ба Биҳишт ё ҷазо ба Дӯзах медиҳад. Барои шарҳи истифодаи ҷузъи ин оят дар амал, аз саргузашти Аммор (р) ва падару модари ӯ метавон мисол овард. Яъне шахсони номбурда, вақто ки ба Ислом мушарраф шуданд, баъди андак муддат ба дасти бутпарастон гирифтор шуданд. Онҳоро, то ин ки аз Ислом безорӣ биҷӯянд, шиканҷа доданд. Чун падару модари Аммор (р) аз ин кор худдорӣ намуданд, онҳоро мушрикон ба шаҳодат расониданд. Вале Аммор (р), он чиро ки мушрикон мехостанд, аввалан дили худро бо имон мустаҳкам сохту хостагии онҳоро бо забон изҳор дошт. Чун аз дасти душман халос шуд, аз тарси Худои бузург гирякунон ба назди Расулуллоҳ (с) омад. Пайғамбар (с) ба ӯ (р) фармуд: “Агар боз ҳам гирифтор шудӣ, барои халосии худ, он чӣ онҳо мехоҳанд, бигӯ.” Бо ин васила Аммор (р) ором ёфт. Чунин мазмунро дар ояти 106-уми сураи “Наҳл” дидан мумкин аст. Ояти зер иншоаллоҳ, мазмуни ояти қаблиро, ки огоҳ кунонидан буд, бо таъкид давом медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)