Сураи Оли Имрон Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 38

هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُۥۖ قَالَ رَبِّ هَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةٗ طَيِّبَةًۖ إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ ٣٨

Ҳунолика даъо Закариййо Раббаҳу қола Рабби ҳаб ло ми-л ладунка зурриятан таййибаҳ. Иннака Самиъу-д-дуъаъ. 38. 

38. Он вақт Закариё Парвардигори худро дархост намуда, гуфт: «Парвардигоро, барои ман аз назди Худ насл (фарзанд)-и покиза (намунави) ато, кун, ҳаройина, Ту шунавандаи дуъоӣ!».

Вақто Закариё (а) мебинад, ки модари Марям соҳиби чунин фарзанди шоиста аст, дар дили ӯ (а) ҳаваси соҳиб шудан ба чунин фарзанди шоиста пайдо шуд. Дар он асно, Закариё (а) ва зани ӯ аз меъёри фарзандёбӣ гузашта буданд. Яъне ӯ (а) пиру мӯяш сафед шуда буд, зани ӯ (а) бошад аслан нозоям буд ва дар зоҳир ҳеҷ умеде набуд, ки онҳо фарзанддор мешаванд. Хулоса, хоҳиши фарзанддор шуданаш авҷ гирифт. Умед бар он намуд, ки агарчӣ мавсими ҷавонӣ гузаштааст, бо як дилпурии махфиёна ва бо тазаррӯъи бисёр назди Худованд, (то ин ки Худованд ба Ӯ чун Марям фарзанди солеҳе ато кунад), машғули дуо шуд. Дуои Закариё (а) ин аст: Парвардигоро, аз назди хеш ба ман фарзанди покизае ато фармо, албатта, “Ту шунавандаи дуо ҳастӣ.” Дар ҳақиқат, чунонеки ояти зер мефармояд, Худованд дуои холисонаи Закариё (а)-ро қабул фармуд…


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)