Сураи Оли Имрон Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 37

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُبِغَيۡرِ حِسَابٍ ٣٧ 

Фа тақаббалаҳо Раббуҳо би қабулин ҳасани-в ва анбатаҳо наботан ҳасана-в ва каффалаҳо Закариййо. Кулламо дахала ъалайҳо Закариййа-л-миҳроба ваҷада ъиндаҳо ризқо. Қола йо Маряму анни лаки ҳозо. Қолат ҳува мин ъиндиллоҳ. Инналлоҳа  ярзуқу ма-й яшау би ғайри ҳисоб. 37.

37. Пас, қабул кард ӯро Парвардигори ӯ ба қабули нек ва болида сохт ӯ (Марям)-ро болидани нек. Ва барои ӯ Закариёро кафил сохт. Ҳар гоҳе ба назди ӯ Закариё дар меҳроб(-и масҷид) медаромад, назди ӯ ризқро меёфт. Мегуфт: «Эй Марям, ин (рӯзӣ) туро аз куҷост?». (Марям) мегуфт: «Ин аз назди Худост. Ҳаройина Аллоҳ ҳар киро хоҳад, ризқу рӯзии беҳисоб медиҳад».

Ояти мазкур, иншоаллоҳ, идомаи ояти қаблист. Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар медиҳад, ки бо сабаби ихлосу дуои модари меҳрубон, агарчанде ки духтарон пеш аз ин аз хидмати ибодатхона озод буданд, акнун назри кардаи модари Марямро Худованд қабул фармуд ва ӯро ҳамчу як растании хубу лоиқ сабзониду нашъунамо доду ба воя расонид. Дар ин асно Марям тавонист бо солеҳини он давра ҳамнишин шаваду ибодату таълими илми динро аз онҳо омӯзад, дар роҳи накӯкорон қадам ниҳаду ҳамчу шахси солеҳ нашъунамо ёбад. Аз ҷумлаи некбахтии Марям (а) он буд, ки ба аксари ривоят, вақто ки аз падари меҳрубон ва баъдан аз модари меҳрубон маҳрум мемонад, бисёре аз солеҳон мехоҳанд ӯро ба ҳимоя ва тарбияти худ гиранд. Ҳатто онҳо бо ҳамдигар ихтилоф ҳам карданд. Хулоса, онҳо чун бо қуръа партофтан розӣ шуданд, хушбахтона, қуръа ба номи пайғамбари онвақта Закариё (а) ҳамсари холаи меҳрубони Марям рост омад, тарбияти ӯро холаи меҳрубонаш ба зиммаи худ гирифт ва ӯ дар оғӯши холаи меҳрубон аз Закариё (а) илму диёнатро омӯхт. Закариё (а) чандон, ки тавонист, дар тарбияти ӯ кӯшиш ба ҳарҷ дод. Аз ин ҷост, ки Худованд мегӯяд: … Кафил гардонид барои ӯ Закариё (а)-ро. Яъне, чун Марям (а) боақл шуд, ба синни занон расид, Закариё (а) наздики Байтулмақдис, ё шояд дохили он ҳуҷраеро барои ибодатгузории Марям (а) хос гардонид ва ё фармуд ӯ Худоро холисона ибодат кунад. Дар он асно нафақаи ӯро Закариё (а) ба ӯҳдаи худ гирифт. Марям (а) тамоми рӯз дар он ибодатхонааш Худоро холисона ибодат мекарду шабро назди холаи меҳрубонаш рӯз месохт. Бо ин тартиб зиндагӣ ва ибодати Марям (а) идома дошт. Мардуми онвақта дар гуруснагии чандсола рӯз мегузарониданд, ҳар гоҳе Закариё (а) назди ӯ барои хабаргирӣ медаромад, хушбахтона, канори меҳроби ибодатхонаи ӯ ғизоҳои махсусро мушоҳида мекард. Ҳайрон мешуд, ки ин чӣ ҳикмат бошад. Албатта, чуноне ки аз мазмуни ин оят маълум мешавад, Марям (а) авлиёе аз авлиёҳои Худо буд, ин каромоти ӯ буд, ки назди ӯ чунин таъомҳо аз тарафи Аллоҳ ҳозир буданд, зеро каромоти авлиё ҳаққ аст. Муҷоҳид мегӯяд, ки ҳатто дар зимистон меваҳои тобистона ва дар тобистон меваҳои зимистона ёфт мешуд. Чун ин манзараро Закариё (а) медид, бо тааҷҷуб ба ӯ мегуфт, ки ай Марям, ин неъматҳо ва ин ғизоҳо барои ту аз куҷо меояд? Марям (а), ки аз манбаи онҳо хабардор буд, дар ҷавоб мегуфт, ки ин ҳама ғизоҳо аз тарафи Худост. Худо ба ҳар касе хоҳад, бе ҳисоб ризқ медиҳад. (Тафсири “Би ғайри ҳисоб” дар ояти 22, сураи “Бақара” шарҳи худро ёфтааст, ҳаводорон метавонанд ба он ҷо муроҷиат кунанд). Чун Закариё (а) фарзанд надошт, ин манзараро ва ин шоистагии Марям (а)-ро дид, аз сари нав орзую ҳаваси фарзанддор шуданаш, чунонеки ояти зер мефармояд, бедор шуда, дуо намуд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)