Сураи Оли Имрон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 4

مِن قَبۡلُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَأَنزَلَ ٱلۡفُرۡقَانَۗ إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِ‍َٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ ٤ 

Мин қаблу ҳуда-л ли-н-носи ва анзала-л-Фурқон. Инна-л-лазина кафару би ойотиллоҳи лаҳум ъазобун шадид. Валлоҳу Ъазизун зунтиқом.4.

4. Пеш аз ин барои ҳидояти башар. Ва Фурқон (фарқкунандаи миёни ҳаққ ва ботил)-ро ҳам фуруд овард. Ҳаройина, касоне ки ба оятҳои Худо кофир шуданд, онҳорост азоби сахт ва Аллоҳ ғолибу соҳибинтиқом аст.

Яъне, Ӯ таъоло чунин зотест, ки Қуръонро бо чунон ҳуҷҷатҳои мустаҳкаме барои ту, ай Муҳаммад (с), фиристод, ки дар он ҳуҷҷатҳо ҳеҷ шубҳае нест. Қуръон чунон китобест, ки ҳамаи китобҳои пеш аз худ нозилшударо, мисли Таврот, Инҷил тасдиқ дорад. Яъне пеш аз Қуръон Худованди карим муносиби ҳар вақт, китобҳои бузургеро, мисли Забур, Таврот ва Инҷил барои ҳидояти Бани Исроил фиристода буд. 

Хулоса, Аллоҳтаъоло ҳама китобҳои осмониеро, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекарданд, аз он ҷумла Қуръонро фурӯ фиристод. Хусусан Қуръон он масъалаҳоеро, ки яҳуду насоро дар онҳо ихтилоф доштанд, ҳақро аз ботил ҷудо намуда, бо хубӣ баён намуд. Ононе, ки ба ҳамаи ин китобҳо имон овардаанд, ҳидоятёфтагонанд. Акнун шахсоне, ки ин оятҳои илоҳиро инкор намуда, онҳоро ботил ҳисобиданд, бо пайғамбарон хилоф намуданд, бидуни муҷозот намемонанд, дар охират барои онҳо азоби сахти аламнок омода шудааст. Зеро Худованд чунин зотест, ки ҳамеша дар ҷамии корҳо ва ваъдаҳои худ ғолибу пирӯз буда, шахсонеро, ки амалҳои бадро анҷом додаанд, сазои мувофиқдиҳанда аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)