Сураи Оли Имрон Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 43

يَٰمَرۡيَمُ ٱقۡنُتِي لِرَبِّكِ وَٱسۡجُدِي وَٱرۡكَعِي مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ ٤٣ 

Йо Марямуқнути ли Раббики васҷуди варкаъи маъа-р рокиъин.43. 

43. Эй Марям, Парвардигори худро фармонбардорӣ кун ва саҷда кун ва ҳамроҳи рукӯъкунандагон (намозгузорон) намоз бигзор!».

Дар ин оятҳо Аллоҳтаъоло фариштагонро амр намудааст, то ин амри илоҳиро хитобан ба Марям (а) расонанд, он як хабари илоҳист. Яъне Аллоҳтаъоло дар мазмуни ин оятҳо ба Расули Худ (с) хабар медиҳад, ки ба ёд ор, ҳақиқати он ҳодисаеро, ки бар сари Марям (а) гузаштааст. Яъне чун Ҷабраил (а) бо амри Аллоҳ ба Марям (а) гуфт, ки ай Марям, огоҳ бош, ки Худованд аз байни ҷамии занҳои ҳамзамонат туро ихтиёр карду ба ин каромат хосс гардонид. Туро лоиқ дид, ки дар ибодату зӯҳду тақво бошӣ ва туро аз нопокиҳою васвасаҳои бад пок сохт ва шарафи туро нисбат ба занҳои оддӣ боло бардошт. (Яъне аз он чи яҳудиҳо наузубиллоҳ, дар шаъни ту аз фоҳишагӣ туҳмат карданд, туро покиза сохтааст.) 

Бори дигар, Аллоҳтаъоло, бо таъкид мегӯяд, ки Худованд туро аз байни ҷамии занҳои дунё баргузиду ихтиёр намуд, ин ба хотири он аст, ки қудрати Худро зоҳир созад. Акнун ту, ай Марям (а), барои шукронаи ин неъмати бузург, ки лоиқи ту дидааст ва аз ёвагӯиҳо ва аз тӯҳматҳои тӯҳматкунандагон пок гардонидааст, ибодати Парвардигори худро бисёр ба ҷо биёр ва бо ҳамроҳи намозхонҳо рукӯъ куну сари худро дар саҷдаи илоҳӣ бинеҳ!  Хулоса, аз мазмуни ин оят маълум мешавад, ки он даъвое, ки насрониҳо дар шаъни Марям (а) доранд, яъне ӯро баъзеашон модари Худо ё ин ки наъузубиллоҳ зани Худо мегӯянд, билкулл ботил аст. Давоми оят, маънои онро дорад, ки Марям (а) бояд худро барои  вуқӯъи ҳодисаи бузурге омода созад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)