Сураи Оли Имрон Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 44

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۚ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يُلۡقُونَ أَقۡلَٰمَهُمۡ أَيُّهُمۡ يَكۡفُلُ مَرۡيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ ٤٤ 

Золика мин анбаи-л-ғайби нуҳиҳи илайк. Ва мо кунта ладайҳим из юлқуна ақломаҳум айюҳум якфулу Маряма ва мо кунта ладайҳим из яхтасимун. 44. 

44. Ин аз хабарҳои ғайбӣ аст, онро ба сӯйи ту ваҳй мекунем. Ва ту назди он қавм набудӣ, вақто ки қаламҳои хешро, дар об чун имтиҳон (қуръа) меандохтанд, то кадом касе аз онҳо Марямро ба тарбия гирад ва он гоҳ, ки дар ин бора бо ҳам кашмакаш мекарданд, ту (ҳам) назди онҳо набудӣ.

Вақто ки модари Марям-Ҳаннаҳ ӯ (а)-ро ба олам меоварад, барои назри худ ва ваъдаи худро вафо кардан, ин кӯдаки маъсумро ба ибодатхона меорад ва ба ходимони он ибодатхона ӯро тақдим намуда, ба онҳо мегӯяд, ки ин духтари назршударо гиред! Азбаски Марям духтари Имрон (а), яъне аз хонадони маъруфу поку покиза ва имоми онҳо буд, ҳар яке аз ходимони ибодатхона талош варзиданд, то ин ки сарпарастии Марямро ба ӯҳда дошта бошанд. Аллоҳтаъоло зимни ин ояти мазкур ҳабиби худ Муҳаммад (с)-ро хабар медиҳад, ки ин ҳама саргузашти Марям аз хабарҳои ғайбӣ аст, ки он дар китобҳои таҳрифшуда (яъне китобҳои яҳудон ва насрониён) ба тарзи саҳеҳ наомадааст. Мо инро саҳеҳу дуруст ба воситаи ваҳйи худ ба ту расонидем ва санади чунин хабарҳо танҳо аз ваҳйи осмонист, ки ту аз таърихи Марям (а) бохабар гардӣ. Вагарна, чун онҳо барои сарпарастии Марям бо ҳам талошҳо ва ихтилофҳо карданд, назди онҳо набудӣ. 

Бинобар ривояте, ки дар тафсири Ибни Касир омадааст талошҳои уламо ва бузургони ибодатхона то он ҷо расид, ки дар охир қуръапартоиро маслиҳат диданд. Яъне, қуръа ба номи касе расад, ӯ сарпарастии Марямро ба ӯҳда мегирад. Онҳое, ки Тавротро медонистанд, маслиҳати онро доданд, ки назди дарёи Урдун рафта, ҳар ки номи худро дар қалами худ навишта ва он қаламҳоро дар об андозанд, қалами касе, ки болои об нарафт, бигзор тарбияи Марям ба ӯ супорида шавад. Хушбахтона, қаламҳои ҳама болои об ҷорӣ шуданд, локин қалами Закариё (а), ки сайиду имому олими онҳо буд, дар ҷои худ давр зада истод. Ӯ ҳамчун ҳақдор тарбияи ӯро бе ягон хусумат ба ӯҳда гирифт. Марям (а) илму амали солеҳро, чунонеки гузашт, аз ӯ омӯхт. 

Акнун хабари муъҷизаҳои бузурги Парвардигор, ки ба Марям (а) ато шуда буданд дар оятҳои зер оғоз мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)