Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 59
إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِنْدَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِنْ تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ ٥٩
Инна масаала Ъисо ъиндаллоҳи ка масаали Адам. Халақаҳу мин туробин сумма қола лаҳу кун фаякун. 59.
59. Ҳаройина, масали Исо (а) назди Аллоҳ монанди масали Одам аст: ӯро аз хок офарид, сипас ӯро гуфт: «Пайдо шав!», пас, (ӯ пайдо) шуд.
Офаридани Исо (а) аз офаридани Одам (а) аҷибтар нест. Локин баъзе инсонҳо чунин ҳодисаро ғайритабиӣ ҳисобида, аз бепадар пайдо шудани Исо (а) дар ҳайратанд. Бинобар ин, аҳли китоб, хусусан насоро дар бораи пайдоиши Исо (а) хаёлҳои гуногуни бемаъно бофтаанд. Аҷиби кор дар он аст, ки аҳли китоб иқроранд, ки пайдоиши Одам (а) аз хок аст ва ҳеҷ ихтилофе ҳам надоранд, зеро онҳо ҳам мегӯянд: “Аллоҳтаъоло бар ҳама кор қодир аст”. Аммо дар боби Исо (а) қудрати Аллоҳтаъолоро фаромӯш сохта мегӯянд: “Бе омезиши падар ӯ (а) чӣ хел пайдо шуд?” Аҳли ҳаққ мегӯянд: “Агар омезиши зану мард барои пайдоиши фарзанд, албатта, шарт бошад, пас чаро баъзеҳо чандин солҳо бо ҳам омезиш мекунанду соҳиби фарзанд намегарданд?” Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ҳақиқати пайдоиши Исо (а)-ро зимни ояти мазкур баён намудааст, ки пайдоиши Исо (а) ба пайдоиши Одам (а) шабоҳат дорад. Яъне ҷисми Одам (а)-ро Аллоҳтаъоло бе падару бе модар аз хоки сарду хунук офарид ва гуфт: “Бишав!”, дарҳол ӯ (а) пайдо шуд.
Баъди ин бори дигар Худованд хост, ки қудрати худро зоҳир созад. Момо Ҳавворо бе модар ва Исо (а)-ро бе падар ва боқӣ ҳамаи инсонҳоро дар навбати худ аз падару аз модар халқ намуд. Хулоса, он чӣ Худованд аз сифати Исо (а) ва Марям (р) дар ин оятҳо зикр намуд, ҳақиқат ҳамин аст. Ҳукми инсоне, ки ба ин хабарҳои илоҳӣ бовар надорад, ба ҳукми инсоне баробар аст, ки ҷамии пайғамбарони илоҳиро, ҳатто кӣ будани Исо (а)-ро инкор намудааст. Гумони касоне, ки Исо (а)-ро Худо мегӯянд, ботилтарини ботилҳост. Агар Исо (а) аз сабаби он, ки бе падар пайдо шудааст, Худо бошад, пас чаро Одам (а), ки бе падару бе модар пайдо шудааст, Худо нест?!
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «