Сураи Оли Имрон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 6

هُوَ ٱلَّذِي يُصَوِّرُكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ كَيۡفَ يَشَآءُۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٦

Ҳува-л-лази юсаввирукум фи-л-арҳоми кайфа яшаъ. Ла илоҳа илло Ҳува-л Ъазизул Ҳаким.6. 

6. Ӯ Зотест, ки шуморо дар раҳм (бачадон)-ҳо, чуноне ки хоҳад, сурат мебандад. Ҳеҷ маъбуде бар ҳаққ нест, магар Ӯ ғолибу боҳикмат аст.

Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар додааст, ки Ӯ таъоло зотест, ки дар батни модарон шуморо чихел, ки хоҳад, писар ё духтар, зебо ё зишт, меофарад ва сурат мебандад. Пас фақат зоте, ки соҳиби чунин корҳост, Илоҳ (Маъбуд, Худо) шуда метавонад ва ягона Ӯ сазовор аст, ки бешарик парастида шавад. Шахсе, ки дар торикиҳои батни модар чанде истаду монанди дигар кӯдакон таваллуд шавад, мисли кӯдакон хӯраду нӯшад ва ғайра, чӣ гуна Худо, ё писари Худо шуда метавонистааст? Албатта, гӯяндагони ин сухан бисёр гуноҳи калонеро муртакиб шудаанд. Давоми оят мефармояд, ки Ӯ таъоло дар сунъи (санъати) худ ғолиб аст, метавонад фарзандро аз омезиши падару модар, ё бе падар, чунонеки Исо (а)-ро халқ кард, халқ кунад. Ин аст маънои “Ал-азиз”. Албатта, Ӯ таъоло дар корҳои худ бисёр устуворкору боҳикмат аст. Ҳамаи махлуқро мувофиқи ҳикмату иродаи худ халқ мекунад. Ин оят алайҳи насрониён эътирози сареҳ аст, ки онҳо Исо ибни Марям (а)-ро писари Худо гуфтанд. Ҳол он ки чуноне ки фаҳмидем, Исо (а) мисли дигар инсонҳо махлуқ аст, чихеле, ки Аллоҳ хост, Ӯро дар шиками модар сурат баст. Шахсе, ки аз модар таваллуд мешавад, чӣ гуна Худо, ё писари Худо мешавад?


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)