Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 7
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۡهُ ءَايَٰتٞ
مُّحۡكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٞۖ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمۡ زَيۡغٞ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنۡهُ ٱبۡتِغَآءَ ٱلۡفِتۡنَةِ وَٱبۡتِغَآءَ تَأۡوِيلِهِۦۖ وَمَا يَعۡلَمُ تَأۡوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُۗ وَٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ رَبِّنَاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٧
Ҳува-л-лазӣ анзала ъалайка-л китоба минҳу ойоту-м муҳкамотун ҳунна умму-л китоби ва ухару муташобиҳот. Фа амма-л-лазина фи қулубиҳим зайғун фа яттабиъуна мо ташобаҳа минҳубтиғща-л-фитнати вабтиғоа таъвилиҳ. Ва мо яъламу таъвилаҳу иллаллоҳ. Ва-р-росихуна фи-л ъилми яқулуна оманно биҳи куллу-м мин ъинди Раббино. Ва мо яззаккару илла улу-л-албоб.7.
7. Ӯ Зотест, ки бар ту Китобро фуруд овард, баъзе аз оятҳои Ӯ маҳкам (равшан)-аст, онҳо асли Китобанд. Ва баъзе аз он оятҳо муташобеҳот (сир)-анд. Пас, касоне, ки дар дилҳояшон каҷист, барои талаби фитна ва барои талаби таъвили (мурод)-и он онро пайравӣ мекунанд ва (ҳол он ки) таъвили онро ба ҷуз Аллоҳ касе намедонад. Ва собитқадамони дар илм мегӯянд: имон овардем ба ин муташобеҳ, ин ҳама аз назди Парвардигори мост ва пандпазир намешаванд, магар соҳибони хирад.
Дар маънои ин оят Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро хитоб намуда мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), Ӯ таъоло чунин Зотест, ки Қуръони каримро барои ту фиристодааст. Баъзе оятҳои он китоб мӯҳкаманд, яъне маънои онҳо ошкор ва маълуманд, мисли оятҳое, ки ба ҳалолу ҳаром далолат мекунанд, барои фаҳмиши онҳо ба луғату дигар васила эҳтиёҷ нест.
Чунин оятҳо дар Қуръони карим аслу асоси Қуръон ҳисоб мешаванд. Навъи дигаре аз оятҳо дар Қуръони карим вуҷуд дорад, ки онҳоро муташобиҳот (сир) мегӯянд. Яъне назди бисёре аз мардум бар маънои хосе далолат кардани онҳо шубҳа аст. Яъне далолати онҳо эҳтимол дорад, ки мувофиқи оятҳои мӯҳкам бошад ва мешавад, ки ба монандии лафзу калимаҳои онҳо нигоҳ накарда, маънои дигареро дошта бошад. Пас агар шахсе мехоҳад оятҳои муташобеҳро тафсир кунаду маъно диҳад, бояд, ки он маъноро муқоиса ва таҳлил бар маънои оятҳои мӯҳкамот кунад. Дар чунин сурат ӯ ҳидоят ёфтааст. Агар на, худи муташобиҳотро мустақилан маъное диҳад, ки чунин маъно дар оятҳои мӯҳкам ёфт нашавад, дар ҳақиқат чунин шахс гумроҳ аст.
Аз ҳамин сабаб Аллоҳтаъоло дар давоми оят фармудааст, ки дили шахсоне, ки аз ҳидоят ба гумроҳӣ майл доранд, оятҳои муташобиҳро мувофиқи ҳавои нафси худ тафсир мекунанд. Ин барои он аст, ки дар дили мардум фитна андозанд. Ин гурӯҳ бо фаҳми худ гӯё тафсиру таъвили чунин оятҳоро (мисли насоро), ёфтаанд. Ҳол он ки маънои оятҳои муташобеҳро ба ғайри Аллоҳ касе намедонад. Онон ки илми росиху собит доранд, ба ҳамаи оятҳои Қуръон, чи мӯҳкам бошанду чи муташобеҳ, имон доранд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи оятҳои мӯҳкаму муташобеҳ, каломи Аллоҳанд, ҳаққанду ростанд, ҳама аз назди Аллоҳ нозил шудаанд. Аз чунин суханҳо фақат инсонҳои бохирад ва соҳибони ақли комил панд мегиранд. Акнун, чуноне ки гузашт, сабаби нузули ин 83 оят масеҳиёни наҷронӣ буданд, ки онҳо вақто назди Расулуллоҳ (с) аз ҳама далелҳо оҷиз омаданд, бо эътироз гуфтанд: “Ту Муҳаммад (с), қабул дорӣ Исо ибни Марям, чуноне ки дар Қуръони шумо омадааст, калиматуллоҳ ва руҳуллоҳ аст, оё барои даъвои мо ин исбот нест?” Дар ҳақиқат дар сураи Нисо о.171 омада, ки “Ва калиматуҳу алқоҳо ило Маряма ва руҳун минҳу”: Исо ибни Марям (а) расули Аллоҳ аст. Ва амри Аллоҳ аст, ки илқо кард амри худро ба сӯи Марям. Ва рӯҳест аз ҷониби Аллоҳ. Яъне Аллоҳ амр кард “кун “бишав!”, ҳамоно бе воситаи падар Исо (а) пайдо шуд. Хулоса, насрониҳо гӯё маънои оятҳои муташобеҳро медонистанд. Ин оятро ба таври худ таъвил намуданд ва гуфтанд: «Исо писари Худост ё лоақал ҷузъе аз Ӯст». Албатта, дар дили онҳо барои фитна каҷие буду майл ба он доштанд, мехостанд хоҳишоти хешро аз таъвил бароварда созанд. Ҳол он ки ин оятро дигар оятҳои мӯҳкам бисёр хуб тафсир мекунанд. Дигар ин ки мақсади саҳеҳи ин гуна оятҳоро танҳо Аллоҳ медонад. Масалан, ояти 59, сураи Зухруф мефармояд, ки “Ин ҳува илло ъабдун анъамно алайҳ”. Нест Исо магар бандаи мо, ки Пайғамбари
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ро бар ӯ инъом намудем.
Ё дар ояти 59-и ҳамин сура омада, ки “Инна масала Исо ъиндаллоҳи камасали Одам халақаҳу мин туробин сумма қола лаҳу кун фаякун”: – Ҳар ойна, ҳоли Исо назди Аллоҳ мисли ҳоли Одам аст, офарид ӯро аз хок, баъд аз он гуфт барои ӯ, «бишав!», пас шуд.
Чандин оятҳои дигари мӯҳкам низ маънои онро доранд, ки Исо (а) як махлуқе аз махлуқҳои Парвардигор аст. Ӯ бандаи Аллоҳ ва пайғамбаре аз пайғамбарони Ӯст. Насрониҳо бошанд, маънои чандин оятҳои мӯҳкаму ошкорро як сӯ гузошта, барои ҳуҷҷат фақат ояти муташобеҳро далел меоранд. Оё ин қадар оятҳое, ки дар шаъни Исо (а) нозил шудааст, тафсири он ояти муташобеҳ (сир) шуда наметавонанд? Хулоса, мазмуни ояти муташобеҳро бо овардани ҳадисе, ки иснодаш саҳеҳ аст, аз Расулуллоҳ (с), иншоаллоҳ, ба охир мебарем. Абӯ Яълои Мусилӣ дар муснади худ ҳадисеро аз Аби Саламата ва аз Аби Ҳурайра (р) гуфтаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: “Нозил шудааст Қуръон бар ҳафт ҳарф (қироат) Ӯро бо раъйи худ тафсир кардан куфр аст, ончиро, ки аз Қуръон фаҳмидед, ба он амал кунед ва он чӣ аз Ӯ ба шумо пӯшида монад, ба сӯи Олими Ӯ Ҷалла Ҷалолуҳу ҳавола кунед!”.
Ибни Мурдавия ривоятеро аз Муҳаммад ибни Иброҳим ва дар охир аз Ибни Ос (р) аз Расулуллоҳ оварданд, ки Расулуллоҳ (с) дар шаъни оятҳои муташобеҳ чунин гуфтааст: “Ҳар ойина Қуръон нозил нашудааст, ки баъзе оятҳои он, баъзе оятҳои онро дурӯғ ҳисобад. Он чиро, ки аз Ӯ донистед, ба он амал кунед, он чӣ ки барои шумо муташобеҳ шуд, ба ӯ имон оред!”
Бо ин мазмун ҳадисҳо бисёр аст. Сифати росихон дар илм чунон аст, ки онҳо барои ризои Аллоҳ бисёр мутавозеъанд, худро аз шахсоне, ки дар қадру мартаба болоанд, баланд намегиранд ва шахсонеро, ки аз худашон паст аст, таҳқир намекунанд. Сифати волои чунин шахсонро бори дигар Аллоҳтаъоло дар ояти зер, иншоаллоҳ, баён мекунад: