Сураи Оли Имрон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 8

رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ ٨

Раббано ло тузиғ қулубано баъда из ҳадайтано ва ҳаб лано ми-л-ладунка раҳмаҳ. Иннака анта-л-Ваҳҳоб. 8. 

8. (Собитқадамон дар илм мегӯянд): «Эй Парвардигори мо, баъд аз он ки моро роҳ намудӣ, дилҳои моро каҷ макун ва барои мо аз назди Худ неъмат ато кун, ҳаройина, Туӣ (бисёр хуб) атокунанда.

Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур хабар медиҳад, ки сифати шахсони росих дар илм чунин аст, ки онҳо бо вуҷуди соҳиб будан бар камоли илм ва қуввати имон, мутмаин (ором) набуда, мағрур намешаванд, балки аз пешгоҳи ҳазрати Ҳаққ ҳамвора истиқомат, иноят ва фазли зиёд мехоҳанд, то он сармояе, ки ҳосил намудаанд, зоеъ нагардад ва Худо нохоста дилҳои ростшуда майли ботил накунанд. Яъне шахсони росих дар илм доимо ба чунин дуоҳо худро машғул сохта мегӯянд: “Ай Парвардигори мо, вақто ки дили моро дар роҳи ҳидоят устувор гардонидӣ ва ба дини ростинат ҳидоят намудӣ, аз ин ҳидоят (яъне аз шариати мустақим) дили моро майл ба гумроҳӣ магардон”. 

“Ай Парвардигор, моро аз тоифаи шахсоне, ки дар дилҳои онҳо каҷӣ ҳаст,  худсарона даст ба тафсири оятҳои муташобеҳ мезананд, магардон! Парвардигоро, аз фазлу карамат раҳмати худро ба мо ато фармо, то ин ки мо ба раҳмати Ту дар дини ҳаққат собиту устувор бимонем, то имону яқини мо зиёда гардад. Албатта, ай Парвардигори мо, Ту барои бандагони Худ бо фазли Худ бисёр хуб атокунандаву эҳсонкунанда ҳастӣ”. 

Ибни Абиҳотам аз Амру ибни Абдуллоҳи Авдӣ ва дар охир аз Умми Салама (р) ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) ривоят кардаанд, ки одати Расулуллоҳ (с) чунин буд, ки мегуфтанд: “Ё муқаллибал қулуб саббит қалби ъало диника” баъди ин дуо ояти мазкурро мехонданд. Ояти зер охири дуои росихон дар илм аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)