Сураи бақара Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону ниҳоят бо раҳм аст.

الٓمٓ ١

Алиф. Ломм. Мим.1.

1. Алиф, Ломм, Мим. (маънои чунин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)

Сураи карима бо ҳарфҳои алоҳида оғоз ёфтааст. Ин сура бо чунин тарзи баён бар дили онҳое мекӯбад, ки аз Қуръон эъроз доранд. Хоҳ нохоҳ чунин оғоз диққату таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ ҷалб месозад. Аз ҷониби дигар тамоми маҳлуқотро бо ин тарзи баён оҷиз гардонандааст. Зеро Қуръон аз ибтидо то интиҳо бо он ҳарфҳое китобат шудааст, ки онҳо дар истифодаи мардум қарор доранд ва бо онҳо ҳам ҳарф мезананд ва ҳам менависанд. Аммо дар таҳия ва банду баст додани китобе мисли Қуръони азиму-ш-шаън бо чунин ҳарфҳо бечораанд.

Бояд гуфт, ки 29 сураи Қуръон бо чунин ҳарфҳои ҷудогона ибтидо ёфтааст. Муфассирини киром ин ҳарфҳоро ҳар гуна унвон додаанд. Аз ҷумла, онҳоро “ҳуруфу-л-муқаттаъот” (ҳарфҳои аз ҳам буридашуда), “ҳуруфу-л-фавотиҳу-с-сувар” (ҳарфҳои оғози сураҳо), “ҳуруфу-л-ҳиҷо” (ҳарфҳои алифбоӣ) гуфтаанд.

  Чунин ақидаронӣ ва номҳои гуногун додани ин ҳарфҳо дарак медиҳад, ки сари маънои онҳо фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад ва баҳсҳои тулонӣ ҳам ба миён омадааст. Баъзе аз олимон сирри ин ҳарфҳоро ба Аллоҳи ягона ҳавола карда, гуфтаанд, ки маънои онҳоро Ӯ таъоло худаш медонад. Зумраи дигар гуфтаанд, ки ин сирест байни Парвардигор ва фиристодаи Ӯ – ҳазрати  Муҳаммад (с). Иддаи дигар ба ихтиёри худ ҷуръат намуда кӯшидаанд, то парда аз миён бардошта, маънои онҳоро маълум созанд. Аммо сабаби тамоми ихтилофҳо ва норавшаниҳо дар ин боб ин аст, ки на аз Пайғамбари Аллоҳ (с) ва на аз саҳобаҳо нафаре ривоят накардааст, ки онҳо ин ҳарфҳоро чунину чунон тафсир карда, маънои онҳоро баён карда бошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Расули Аллоҳ (с) ва ҳам асҳоби киром, бе шакку шубҳа, маънои ин ҳарфҳоро медонистанд ва барои ҳамин аз ҳамдигар суол накарданд. Ҳол он ки одати асҳоб чунин буд, ки чизеро намедонистанд аз якдигар, ё аз он ҳазрат (с), албатта, суол менамуданд. Асҳоби киром шахсони бузург буданд, хуб дарк карда буданд, ки ба сабаби онҳо то вақте ҳастанд, дини мубини ислом бояд дар олам фарохтар доман паҳн кунад. Онҳо масъулияти гаронеро бар дӯш доштанд ва инро хуб эҳсос мекарданд, барои пурра дарк кардани Қуръон ва ба дигарон расонидани он бисёр ҷаҳду талош менамуданд. Барои ҳамин чизеро медонистанд, ҳаргиз суолу ҷавоб намекарданд ва беҳуда домани баҳсро гарм намегирифтанд. Онҳо вақти зиёд ҳам надоштанд, балки барои донистани масъалаҳои нофаҳмо бештар камари ҳиммат мебастанд.

Бештари муфассирин, аз он ҷумла Ибни Касир дар ин боб, яъне бо ҳарфҳои алоҳида оғоз ёфтани баъзе аз сураҳои Қуръон, чунин ақида дорад, ки Қуръон дар замоне нозил шуд, ки дар он вақт мардуми араб дар суханварӣ, шоирӣ ва қофиябандии шеър маҳорати баланд доштанд ва ин мояи ифтихори онҳо буд ва аҳли сухан дар он асно мартабаи волоро соҳиб буд. Байни шуаро мусобиқа ва мунозираи шеър сурат мегирифт. Шеъри шоире, ки ғолиби ин гуна мусобиқаҳо дониста мешуд, овезон кардани онро ба девори хонаи Каъба сазовор медиданд. Чун Қуръон нозил шуд, онҳо Қуръонро китоби шеър ва ҳазрати Муҳаммад (с)-ро шоир баҳо доданд. Пас Ӯ таъоло бо ваҳй намудани чунин оятҳо онҳоро нигарон намуд. Чуноне ки аз мазмуни дигар оятҳо маълум мешавад, ба онҳо гуфт, ки модоме Қуръонро шеър қабул доред ва худро дар эҷоди шеър соҳибистеъдод мешуморед, пас монанди Қуръон китобе эҷод намоед!? Дар ҳақиқат, нисбат додани онҳо Қуръонро ба шеър бозии кӯдаконро ба хотир меорад, ки онҳо аз лой суратакҳо месозанд, аммо ба он рӯҳ дароварда наметавонанд ва он ба ҷуз суратак чизе беш нест. Локин аз гили оддӣ инсон офаридану ба он рӯҳ бахшидан ин санъату қудрати хосси Аллоҳтаъолост. Монанди ҳамин аз ҳарфҳои оддие, ки шоирони араб бо истифода аз онҳо шеър эҷод мекунанду мавриди таҳсину таърифи атрофиён қарор мегиранд, Аллоҳтаъоло Қуръонро нозил кард, ки ҳамаро оҷиз гардонид ва касе аз инсу ҷин қодир нест чунин китобе ба миён биёрад.

Бинобар ин, Замахшарӣ дар тафсири худ -“Кашшоф” гуфтааст, ки Аллоҳтаъоло бо чунин оятҳои муташобеҳ (сиррӣ) Қуръонро нусрат додааст ва ин беҳтарину тамомтарин нусрати он ҳисобида мешавад. Баъзе аз муфассирони муосир ҳам ба чунин фикр пайравӣ мекарданд.

Хулоса, кадом сурае ба чунин ҳарфҳо оғоз меёбад, онро эъҷози баланди Қуръон ва нусрати он бояд қабул карду баҳо дод. Яъне дар ҳақиқат Қуръон бо чунин тарзи баён башарро оҷиз гардонидааст. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣОё эшонони мо (тоҷик) аз Аҳли байти Муҳаммад (с) мебошанд?
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)