Тафсири Сураи Раъд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
المر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ ۗ وَالَّذِي أُنْزِلَ إِلَيْكَ مِنْ رَبِّكَ الْحَقُّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ ١
Алиф.Ламм.Мим.Ро. Тилка айату-л-китаб. Ва-л лазӣ унзила илайка ми-р-Раббика-л-ҳаққу ва лакинна аксара-н-наси ла юъминун. 1.
1. Алиф, Лом, Мим, Ро. Инҳо оятҳои Китоб(-и осмонӣ) аст ва он чӣ ба сӯйи Ту аз Парвардигорат фурӯ фиристода шуд, ҳақ аст, валекин бештари мардум имон намеоранд.
Ҳарфҳоеро, ки дар оғози ин оят навишта шудаанд, онҳоро ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо) мегӯянд. Худованд якумин ояти ин сураро бо чунин ҳарфҳо ибтидо намуда аст. Дар шарҳи он муфассирон гуфтаанд, ки ин ишора ба муъҷиза будани Қуръон аст, ки калимаҳо ва оятҳои он аз чунин ҳарфҳо таркиб дода шудааст. Инсон, агарчи ин гуна ҳарфҳоро мешиносад, аммо наметавонад ҷумлае тартиб диҳад, ки дар зебоӣ ва пурмаъногӣ баробари оятҳои Қуръон бошад.
Хулоса, мазмуну маънои асосии ин гуна ҳарфҳое, ки баъзе сураҳо бо онҳо оғоз мешаванд, сир буда, ба маънои онҳо Худованд худаш доност. Дар оғози сураҳои «Бақара», «Оли Имрон», «Аъроф» ин мавзӯъ чанде эзоҳ шуда буд. Ҳоло ҳоҷат ба такрори онҳо нест. Нахустин ояти ин сура аз бузургии Қуръон сухан оғоз карда гуфтааст, ки оятҳои ин сура оятҳои китоби Аллоҳ (Қуръон) буда, ваҳйи илоҳианд. Ҳамаи он чи ки аз тарафи Парвардигор ба сӯйи ту нозил шудаанд, ҳақанд, ягон зарра омехтаи ботил нестанд. Лекин афсӯс, аксарияти мардумро шахсони нодону булҳавас, пайрави ҳавасҳо ва гумроҳ ташкил медиҳанд. Онҳо ба қадри ин дастури илоҳӣ намерасанду имон намеоранд ва бовар намекунанд, ки ҳамаи он чӣ, ки дар ин китоб дарҷ шудаанд, ҳукмҳои илоҳианд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «