Тафсири Сураи Раъд – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд дар Мадина нозил шуда, дорои 43 оят аст.
Ин сура барои он сураи «Раъд» номида шудааст, ки дар он аз раъду барқ ва соиқа (оташак) ва фуруд омадани борон сухан меравад. Агарчи сураи мазкур дар Мадина нозил шуда бошад ҳам, мавзӯи он ба мавзӯи сураҳои дар Макка нозилшуда шабоҳат дорад. Мавзӯи асосии ҳамаи сураҳои дар Макка нозилшуда исботи тавҳид, баёни ақидаи исломӣ, ҳақ будани фиристодаҳои Парвардигор, рӯзи бозгашт ва радди шубҳаҳои мушрикон аст. Калимаи «Раъд» дар истилоҳ ба маънои «тундар» аст. Сураи мазкур мувофиқ ба номи худ чун садои тундар эътибори хонандаро ҷалб намуда водор мекунад, ки инсон бояд ба Аллоҳи ягона, Қуръон, пайғамбарон ва дигар аслҳои динӣ, ба хусус ба ваҳйи илоҳӣ, ба зинда шудан баъди мурдан бовар дошта бошад. Дар ин хусус дар дигар сураҳо низ ин масъалаҳо мавриди баҳс қарор дошта бошад ҳам, лекин сураи «Раъд» тарзи баёни хосе дорад.
Оятҳои ин сура диққати инсонро ба мавҷудоти осмонҳо, Офтоб, Моҳ, рӯз, шаб, Замин, кӯҳҳо, обҳо, сабзаю дарахтҳо ва ғайра ҷалб намуда, ба тафаккур дар бораи Офаридгори онҳо даъват менамояд. Оятҳои баъдӣ мардумро ба вафои аҳд, силаи раҳм, сабр, дар пинҳонӣ ва ошкор, садақа додан ва ба тарки интиқомҷӯӣ даъват мекунанд. Сипас, мардумро огоҳ мекунад, ки зиндагонии дунё нопойдор аст. Агар инсон дар сояи имон ба Худо зиндагонӣ накунад, зиндагии ӯ маъное надорад. Сипас, аз таърихи қавмҳои саркаши гузашта, ки ҳақиқатро пинҳон намуданду аз фаҳмидани роҳи ҳақ мардумро боз доштанд сухан меравад. Сураи мизкур бо ибораҳои такондиҳанда аҳли куфрро таҳдид карда ҳусни хотима меёбад. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Раъд».
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «