Тафсири Сураи Раъд Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 3
وَهُوَ الَّذِي مَدَّ الْأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْهَارًا ۖ وَمِنْ كُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ ۖ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ ٣
Ва Ҳува-л-лазӣ мадда-л-арЗа ва ҷаъала фӣҳа равасия ва анҳара. Ва мин кулли-с-самароти ҷаъала фӣҳа завҷайн-иснаян. Юғши-л-лайла-н-наҳар. Инна фӣ залика ла айати-л ли қавми-я ятафаккарун. 3.
3. Ва Ӯ Зотест, ки Заминро густуронид ва дар он кӯҳҳо ва наҳрҳоро офарид ва аз ҳар ҷинси меваҳо дар Замин ду синф биёфарид, шабро ба рӯз мепӯшонад, ҳаройина, дар ин (мисолҳо) қавмеро, ки тафаккур мекунанд, нишонаҳост.
Ояти мазкур инсонро ба мушоҳидаи Замин, кӯҳҳо, наҳрҳо, анвои меваҳо, тулӯъ ва ғуруби Хуршед даъват карда фармудааст, ки Ӯ таъоло Зотест, ки сатҳи Заминро паҳну ҳамвор гардонид, ки барои зиндагонии инсонҳо ва баровардани ниёзи онҳо мувофиқ аст. Сипас, Худованд кӯҳҳоро офарид, то аз зилзилаҳои доимии ҳалокатовар сатҳи Заминро дар оромишу тавозун нигоҳ доранд. Сипас, дар Замин низоми обрасониро таъмин намуд. Болои Замин наҳрҳои обро дар ҷараён қарор дод, ки одатан аз кӯҳҳо ибтидо мегиранд. Баъди халқи онҳо Худованд дар рӯйи Замин ҳама самаротро (меваҳоро) ҷуфт офарид. Илми растанишиносӣ (ботаника) ин ҷуфтбудани меваҳоро дар гули онҳо кашф кардааст. Дар як гул ҳам узви нарина ҳаст ва ҳам узви модина. Дар давраи муайян гул бордор гашта, мева ҳосил мегардад. Муфассирон гуфтаанд, ки ҷуфтбудани махлуқот ё аз ҷиҳати ҷинс аст, яъне нар-мода, ё аз ҷиҳати хосият аст, яъне турш-ширин, ё аз ҷиҳати ранг аст, яъне сиёҳ-сафед, ё аз ҷиҳати андоза аст, яъне бузург-хурд ва ғайра.
Инчунин Худованд шабу рӯзро ҷуфт халқ кард. Бо торикии худ шаб рӯзро мепӯшад, чун рӯз шавад, равшании он чодари сиёҳи шабро аз байн мебарад, ки ин ҷараён асрҳои аср, то охири дунё давом хоҳад дошт. Албатта, дар офариниш ва низоми мавҷудияти ингуна махлуқоти аҷоиб барои шахсе, ки дар чигунагии онҳо бо дидаи эътибор нигоҳ мекунад ва фикру андеша меронад, дар бораи мавҷудият ва ваҳдоният (ягонаги)-и Парвардигор далелҳои беандоза бисёр ҳастанд. Вале касоне, ки ба офаридаҳои Худованд ва нишонаҳои Ӯ бо дидаи эътибор наменигаранд, мисли махлуқотеанд, ки барои онҳо ақл лозим нест , танҳо гаштугузор мекунанду мехӯранду мехобанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «