Сураи Раъд Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Раъд Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Раъд Ояти 4

وَفِي الْأَرْضِ قِطَعٌ مُتَجَاوِرَاتٌ وَجَنَّاتٌ مِنْ أَعْنَابٍ وَزَرْعٌ وَنَخِيلٌ صِنْوَانٌ وَغَيْرُ صِنْوَانٍ يُسْقَىٰ بِمَاءٍ وَاحِدٍ وَنُفَضِّلُ بَعْضَهَا عَلَىٰ بَعْضٍ فِي الْأُكُلِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ ٤

Ва фи-л-арЗи қитаъу-м мутаҷавирату-в ва ҷаннату-м мин аънаби-в ва заръу-в ва нахӣлун синвану-в ва ғайру синвани-я юсқа би маи-в ваҳиди-в ва нуфаззилу баъЗаҳа ъала баъЗин фи-л-укул. Инна фӣ залика ла айати-л ли қавми-я яъқилун. 4.

4. Ва дар Замин пайваста бо якдигар қитъаҳои хок мухталиф аст, ва бӯстонҳост аз дарахтони ангур ва киштзорҳо ва дарахтони хурмо, баъзе чанд шох аз як асл растаанд ва баъзе ғайри онанд, ҳама меваҳо аз як об сероб карда шаванд ва дар таъм баъзеро бар баъзе бартарӣ медиҳем. Ҳаройина, дар инҳо, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳо ҳаст.

Аллоҳтаоло дар ин оят ба нуктаҳое, ки доир ба заминшиносӣ ва гиёҳшиносӣ аст, ишора карда фармудааст, ки дар замин қитъаҳое вуҷуд доранд, ки канори якдигар, бо ҳам пайваст бошанд ҳам, лекин таркибашон гуногун аст. Баъзеи он қитъаҳо санглох, баъзе нарм, баъзе аз он қитъаҳо шӯразор ва ғайра, ҳар кадоме аз онҳо хосияти махсус доранд, ки дар дигараш нест. Ин қитъаҳо барои парвариши гиёҳҳо, дарахтону зироатҳои гуногуни муносиб ҳастанд, зеро онҳо хосиятҳои фарқкунанда доранд. Масалан, яке аз онҳо лоиқи киштукор бошад, дигаре лоиқи боғу роғ аст. Дар заминҳои киштӣ зироат парварида шавад, дар боғҳо дарахт парвариш карда мешавад. Аз ҷумла, ангуру хурмо ва дигар меваҳо. Баъзе аз онҳо мисли дарахти хурмо бо як тан ба боло сар мекашад, баъзеи онҳо соҳиби як тан ва чандин шохҳоанд. Аҷоибии кор дар он аст, ки об як, замин як, боду ҳаво як, ҷинс як, аммо маззаи меваҳо аз ҳам фарқ мекунад.

Ҳатто, агар дар як ҷой ва як шароит ва дар як замин ангури навъи гуногун шинонида шавад, таъму рангу андозаашон дигаргун аст. Оё ҳар яке аз ин нишонаҳо бар вуҷуди Парвардигори ҳакиму олим, ки низоми тамоми оламро роҳбарӣ мекунад, далел шуда наметавонанд? Албатта, далел шуда метавонанд! Шахсоне дар бораи ин нишонаҳо фикр мекунанд, ки ақли кофӣ доранд, мавҷудият ва қудрати Парвардигори худро эътироф менамоянд. Шахсоне, ки дар барои офаридаҳо ва аҷоиботи онҳо фикр намекунанд, агарчи худро оқил шуморанд ҳам, мувофиқи маънои ин оят оқил нестанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Раъд Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Раъд Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)