Тафсири Сураи Раъд Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 31
وَلَوْ أَنَّ قُرْآنًا سُيِّرَتْ بِهِ الْجِبَالُ أَوْ قُطِّعَتْ بِهِ الْأَرْضُ أَوْ كُلِّمَ بِهِ الْمَوْتَىٰ ۗ بَلْ لِلَّهِ الْأَمْرُ جَمِيعًا ۗ أَفَلَمْ يَيْأَسِ الَّذِينَ آمَنُوا أَنْ لَوْ يَشَاءُ اللَّهُ لَهَدَى النَّاسَ جَمِيعًا ۗ وَلَا يَزَالُ الَّذِينَ كَفَرُوا تُصِيبُهُمْ بِمَا صَنَعُوا قَارِعَةٌ أَوْ تَحُلُّ قَرِيبًا مِنْ دَارِهِمْ حَتَّىٰ يَأْتِيَ وَعْدُ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُخْلِفُ الْمِيعَادَ ٣١
Ва лав анна Қур-анан суййират биҳи-л-ҷибалу ав қуттиъат биҳи-л-арЗу ав куллима биҳи-л-мавта. Бал-л лиллаҳи-л амру ҷамӣъа. А-фалам яй-аси-л-лазӣна оману ал лав яшауллоҳу ла ҳада-н-наса ҷамӣъа. Ва ла язалу-л лазӣна кафару тусӣбуҳум би ма санаъу қариъатун ав таҳуллу қарӣба-м мин дариҳим ҳатта яътия ваъдуллоҳ. Инналлоҳа ла юхлифу-л-мӣъад. 31.
31. Ва агар Қуръоне мебуд, ки ба сабаби он кӯҳҳо равон карда мешуданд ё аз он Замин пора-пора мешуд, ё аз он мурдагон ба сухан оварда мешуданд, (имон намеоварданд). Балки Худойрост кори ҳама як ҷо. Оё муъминон надонистанд, ки агар Худо мехост, ҳама мардумро як ҷо роҳ менамуд? Ва ононе, ки мункир шуданд, ба сабаби он чӣ карданд, ҳамеша онҳоро садама бирасад ё наздик аст, ки ба хонаҳояшон он уқубат фурӯ меояд, то вақте ки ваъдаи Худо бирасад. Ҳаройина, Худо ваъдаи хешро хилоф намекунад.
Сабаби нузули ин оятро муфассирон соҳиби тафсири «Бағавӣ» ва соҳиби «Анвору-л-Қуръон» ва «Маорифу-л-Қуръон» ва дигарон аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: «Мушрикони Макка, ба хусус Абӯҷаҳл ва Ибни Умайя ва якчанд нафарони дигар рӯзе пушти девори Каъба нишаста маслиҳат ороста, имон овардани худро муқайяд сохта гуфтанд: “Агар Муҳаммад ба саволҳои мо посух диҳад ва он чиро, ки аз ӯ мехоҳем, иҷро карда тавонад, мо имон меорем.” Бехабар аз он, ки, агар иродаи Худованд набошад, қайду шарти онҳо барои имон овардан нокифоя аст. Хулоса, барои посух гирифтан ба се савол назди Расулуллоҳ (с) Ибни Умайяро фиристоданд. Дар оғоз ӯ гуфт: “Агар ту мехоҳӣ, ки қавм туро ба унвони Расули Худо бипазиранд ва пайрави ту бошанд, агар ба василаи Қуръоне, ки ту онро муъҷиза ва сухани Аллоҳ медонӣ, чанд дархости моро анҷом диҳӣ, мо исломро қабул хоҳем кард:
1. Сарзамини шаҳри Макка бисёр танг аст. Аз ҳар тараф дар муҳосираи кӯҳҳо қарор гирифтааст. На зироате корида ва на боғеро обод карда мешавад. Ту бо муъҷизаи худ кӯҳҳоро дур кун, то ин ки замини Макка васеъ шавад ва мавриди киштукор қарор гирад. Зеро тибқи гуфтаи ту кӯҳҳо барои Довуд (а) мусаххар гардонида шуда буданд. Ҳар гоҳ ӯ (а) тасбеҳ мегуфт, кӯҳҳо ба ӯ (а) ҳамсадо шуда тасбеҳ мегуфтанд. Ҳоло ту мувофиқи сухани худ дар қурб бо Худо аз Довуд (а) наздиктарӣ.
2. Хости дигари мо ин аст, ки ҳамчуноне ки Худованд тибқи гуфтаи ту барои Сулаймон (а) бодро мусаххар гардонида буд, ки бо ёрии он масофаҳои тӯлонии заминро дар вақти кӯтоҳ тай мекард, ту барои мо инчунин кун, то сафари Шому Яман барои мо осон шавад.
3. Хости дигари мо ин аст, ки ҳамон гунае, ки Исо (а) мурдагонро зинда мекард, агар, ки ту аз ӯ (а) камтар набошӣ, бобокалони мо Қусайро зинда кун, то аз ӯ бипурсем, ки дини ту дини ҳақ аст ё не?”
Мазмуни ояти мазкур посухи саволҳои онҳо буда, Худованд фармудааст, ки агар ба василаи Қуръон кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд, заминҳо қитъа-қитъа шаванд, ва дар натиҷа бо мурдагон суҳбат шавад ҳам, онҳо имон намеоранд. Агар билфарз бо иродаи Худо дар дунё сухане мебуд, ки ба сабаби хондани он кӯҳҳо ба ҳаракат медаромаданд, ё замин пора-пора мешуд, ё аз тарси Худо аз он чашмаҳо ҷорӣ мешуд, ё хонандаи он бо осонӣ масофаҳои заминро мепаймуд, ё бо шунидану қироати он мурдагон зинда мешуданду ҳамчун зиндаҳо онро мефаҳмиданд, ҳамин Қуръон буд.
Зеро муъҷизае, ки дар дилҳо ва равонҳо аз Қуръон дида таъсирноктар бошад, то ҳол нозил нашудааст. Ҳол он ки агар Худованд Қуръонро бар кӯҳҳо фуруд меоварду онҳоро мисли инсон мукаллаф месохт, яқинан он кӯҳҳо аз тарси Худо фурӯтану пора-пора мешуданд. Агар имон овардани мушрикон вобаста ба иҷро шудани дархостҳояшон мебуд, имони онҳо маҷбурӣ мешуд на ихтиёрӣ. Дигар ин ки дунё ҷои имтиҳон аст. Агар имон овардани мушрикон бо сабаби баровардани дархостҳои онҳо мешуд,
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
барои имтиҳон маъное боқӣ намемонд ва имони чунин шахсон чандон қадре ҳам намедошт. Он саволкунандаҳо баҳона меҷустанд. Агар толиби ҳақиқат мебуданд, чандин муъҷизаҳои Пайғамбар (с)-ро дида буданд, барои имон оварданашон ҳамон кифоя буд. Ҳоло иҷроиши ҳама корҳо дар ихтиёру иродаи Худост. Маслиҳату раванди оламро Ӯ худ медонад.
Агар дар имон овардани онҳо ягон некие мебуд, яқинан ба посухи саволҳои онҳо Расулуллоҳ (с)-ро қодир мегардонд. Вақте ки саҳобагони киром дархости мушрикони Маккаро шуниданд, орзу карданд, ки агар хоҳиши онҳо дар дидани муъҷиза бароварда мешуд, Ислом пеш мерафт.
Қисми ояти мазкур посухи орзуҳои онҳо буда, дар он Худованд ба саҳобагон бо забони Пайғамбари Худ (с) гуфт, ки аҳли имон медонанд, агар Аллоҳ мехост, онҳоро ҳидоят мекард ва ғайр аз мусалмон шудан дигар чорае надоштанд. Муъминон баҳонаҷӯӣ ва гарданкашии мушриконро диданд, ҳилакориҳои онҳоро фаҳмиданд, боз ҳам маъюс нашуда умед доранд, ки онҳо имон меоранд? Тақозои ҳикмати Парвардигор он будааст, ки ҳар кас дар имон овардан ва наовардан маҷбур набудааст, балки ихтиёри ҷузъӣ доштааст.
Сипас, дар давоми оят барои ҳушдори мушрикон Худованд гуфтааст, ки касоне дар ин дунё куфрро интихоб мекунанд, сазовори онанд, ки ҳар замон бар сарашон (чуноне ки бар аҳли Макка гоҳо қаҳатӣ, гоҳо шикаст дар ҷангҳо, гоҳо задани барқ, ва ғайра) офату балоҳо биояд. Гоҳо чунин ҳам мешуд, ки онҳо мустақиман ба мусибат гирифтор намешуданд, балки барои ибрат гирифтанашон назди хонаҳояшон, ё шаҳру деҳаҳои атрофи онҳо ба мусибат гирифтор мешуданд, то бингаранду аз хоби ғафлат бедор шаванд. Ин силсила мусибатҳо, то ба поён расидани ваъдаи Аллоҳ (то фатҳи Макка ва мағлуб шудани онҳо) бар онҳо ҷараён доштанд. Худованд фатҳи Маккаро ба Расули Худ (с) ваъда дода буд, ваъдаи худро хилоф накард. Чун монеъаҳо бартараф шуданду аз байн рафтанд, Макка фатҳ шуд, душманон мағлуб шуданд. Аксари мушриконе, ки масхаракунон барои имон овардан шартҳо пешниҳод мекарданд, ба ҳалокат расиданд.
Тасаллии Парвардигор барои Расулуллоҳ (с) дар ояти зер идома дорад: