Тафсири Сураи Раъд Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раъд Ояти 43
وَيَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا لَسْتَ مُرْسَلًا ۚ قُلْ كَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ وَمَنْ عِنْدَهُ عِلْمُ الْكِتَابِ ٤٣
Ва яқулу-л-лазӣна кафару ласта мурсала. Қул кафа биллаҳи шаҳӣдан байнӣ ва байнакум ва ман ъиндаҳу ъилму-л-китаб. 43.
43. Ва кофирон мегӯянд: «Ту фиристодашуда нестӣ». Бигӯ: «Худо аз рӯйи гувоҳ дар миёни ман ва шумо бас аст ва бас аст касе, ки назди ӯст илми Китоб».
Ҳамон гуна ки дар оғози сураи мазкур дар бораи Қуръон сухан рафт, дар охирин ояти он низ бо таъкиди бештар муъҷиза будани Қуръонро баён карда, Худованд фармудааст, ки ин кофирон ҳар рӯз баҳонаҳо метарошанд, ҳар замон тақозои муъҷиза мекунанд. Ҳатто муъҷизаро бинанд ҳам, мегӯянд, ки ту Пайғамбар нестӣ! Худованд ба ҳабиби Худ (с) фармуд, ки дар посух ба онҳо бигӯ, ки миёни ману шумо шоҳидоне ба пайғамбар будани ман шоҳидӣ медиҳанд, он барои ман кифоя аст. Яке аз шоҳидон Аллоҳ таъоло ва шоҳидони дигар касонеанд, ки аз илми китоб огоҳӣ доранд. Ҳоло Қуръон назди онҳост ва аз илми Қуръон низ огоҳӣ доранд. Худо медонад, ки ман Расули Ӯям. Онҳое, ки аз китобҳои осмонӣ огоҳии кофӣ доранд, хуб медонанд, ки Қуръон маҳсули ақли башар нест. Имкон надорад, ки чунин китоб ба ҷуз аз Худои бузург аз каси дигар нозил шавад. Баъзе муфассирон гуфтаанд: Манзур аз ибораи «касе, ки назди Ӯст, илми китоб» донишмандони аҳли китобанд, ки онҳо нишонаҳо ва сифатҳои Пайғамбар (с)-ро дар китобҳои осмонии хеш хонда буданд, қаблан ба Ӯ имон оварда, шоҳидӣ низ дода буданд. Валлоҳу аълам.
Поёни сураи «Раъд» ва лилоҳил ҳамд вал миннаҳ.
Худоё, гувоҳ бош, ки ба ҳақиқати чизе, ки Зоти Ту ва соҳибони китоби Ту гувоҳӣ додаанд, ин бандаи оҷизи Ту ҳам аз сидқи дил бар он гувоҳӣ медиҳам. Парвардигоро, дарҳои раҳмататро ба рӯйи мо бикшо ва аз илми китобат ба мо арзонӣ дор ва бо нури Қуръон дилҳои моро равшан соз, то дар вартаи риёкориҳо, тангназариҳо, худбиниҳо набошем ва сабаби тафриқа байни бандагонат нашавем. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «