Сураи Раъд Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Раъд Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Раъд Ояти 42

وَقَدْ مَكَرَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلِلَّهِ الْمَكْرُ جَمِيعًا ۖ يَعْلَمُ مَا تَكْسِبُ كُلُّ نَفْسٍ ۗ وَسَيَعْلَمُ الْكُفَّارُ لِمَنْ عُقْبَى الدَّارِ ٤٢

Ва қад макара-л-лазӣна мин қаблиҳим фа лиллаҳи-л макру ҷамӣъа. Яъламу ма таксибу куллу нафс. Ва саяъламу-л-куффару-л-куффару ли ман ъуқба-д-дар. 42.

42. Ва ҳаройина, ононе, ки пеш аз онҳо буданд, макру фиреб карданд, пас, Худорост ҷазои ҳамаи макрашон. Он чиро ҳар нафс мекунад, медонад. Ва ин кофирон зуд хоҳанд донист, ки подоши писандидаи он сарой барои кӣ бошад.

«Макр» дар луғат тадбири пинҳониро гӯянд. Агар барои бадӣ истифода шавад, бад аст ва агар барои дифоъ аз бадӣ ба кор бурда шавад, хуб аст. Ояти мазкур барои Расулуллоҳ (с) ҷанбаи тасаллӣ дорад ва бар кофирони Қурайш ҷанбаи таҳдид. Худованд дар ин оят хабар додааст, ки чуноне ки кофирони Макка бар зидди Расулуллоҳ (с) макр мекунанд, кофирони гузашта низ, вақте ки даъвати пайғамбаронро мешуниданд, нисбати онҳо бадандешӣ мекарданд. Лекин ҳама асбоби тадбирҳо дар ихтиёри Худост, чизеро, ки Худо хоҳад, он мешавад. Бе иродаи Ӯ ягон бадандешии онҳо зараровар намешавад. Агар кофирони Қурайш аз бадрафтории худ даст набардоранд, аз гӯшае ба онҳо азоби Илоҳӣ мерасад, ки асло дар фикру хаёлашон нест, зеро дар муқобили Аллоҳ таъоло макри касе ҳаргиз пеш намеравад. Ба ин маккорон сазои дархури макрашонро медиҳад. Ҳар кори хайру шарре, ки инсон пинҳон ё ошкор мекунад, Худованд медонад ва мувофиқи он ҷазояшро медиҳад. Агар кофирон ҳоло надонанд, дар охират, албатта, медонанд, ки оқибати хубу бозгашти нек барои кист, лекин ин гуна донистан барои онҳо дигар фоидаовар нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Раъд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Раъд Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Раъд Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)