Тафсири Сураи Юсуф Ояти 111 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юсуф Ояти 111
لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَٰكِنْ تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ ١١١
Лақад кана фӣ қасасиҳим ъибрату-л ли ули-л-албаб. Ма кана ҳадӣса-я-юфтаро ва лакин тасдӣқа-л-лазӣ байна ядайҳи ва тафсӣла кулли шай-и-в ва ҳуда-в ва раҳмата-л ли қавми-я юъминун. 111.
111. Батаҳқиқ, дар қиссаи пайғамбарон (ё Юсуфу бародаронаш) соҳибони хирадро панде ҳаст. (Қуръон) сухане нест, ки бар дурӯғ бофта шуда бошад, валекин боваридорандаи он чизест, ки пеш аз он аст ва баёнкунандаи ҳар чиз ва (дар дунё) ҳидоят ва (дар охират) раҳмат аст барои гурӯҳи имонорандагонро.
Худованд ин сураро бо баён кардани қиссаи расули Худ, яъне Юсуф (а) ва бо баёни ҳикматҳо ва ахбори умматҳои гузашта, ки ҳар кадоми он барои соҳибхирадон ибрату панду насиҳат аст, ба поён расонида фармуд, ки дар ҳақиқат дар қиссаи Юсуф (а) ва бародарони ӯ (а) (ва дар саргузашти паёмбарон) барои донишмандон ва соҳибони имон, барои шахсони дурандеш ва мутафаккир мавъизаи огоҳкунанда вуҷуд дорад. Зеро сухани Қуръони карим ин муъҷизаи илоҳӣ мисли хабарҳои беасос ё суханҳое, ки аз худ бофта мешавад, нест. Балки Қуръон китобест бо ҳикмат, тарзи баёнаш осон, лекин инсонро оҷизкунанда ва тамоми китобҳое, ки аз тарафи Аллоҳ таъоло пеш аз он нозил шудаанд ва тамоми хабарҳои рости собиқро тасдиқкунанда, ҳар чиро, ки инсони муъмин ба он муҳтоҷ бошад, бо тафсил баёнкунанда ва барои муъминон роҳкушову мояи оромиш ва ҳидоят аст.
Интиҳои сураи Юсуф (а). Ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юсуф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «