Тафсири Сураи Рахмон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اَلرَّحۡمٰنُۙ ١
Ар-Раҳман. 1.
1. Ар-Раҳмон (яке аз номҳои хуби Аллоҳ аст), Худои ниҳоят меҳрубон.
«Ар-Раҳман» (исми Раҳмон) аз номҳои хоси Аллоҳ таъоло буда, яке аз сифатҳои Ӯст ва рамзест аз раҳмати омми Ӯ. Аз ин ҷост, ки дастурхони неъмати худро барои дӯсту душмани Худ дар олам густурдааст. Дар ҳақиқат раҳмату меҳрубонии Ӯ таъоло андоза надорад. Ӯст, ки ба махлуқоти худ, хоҳ дӯст бошад ва хоҳ душман, эҳсон мекунаду ризқ медиҳад. Оғоз ёфтани сура бо номи бобаракати ар-Раҳмон, ҳолати аҷиберо дар бандагон бедор месозад ва таъсири ғайри оддӣ мегузорад.
Дар ояти навбатӣ Аллоҳ таъоло ба инсон ва ҷин ёдрас месозад, ки он неъмати бузурге, ки Аллоҳ ба онҳо додааст, ҳамин Қуръони маҷиду карим аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «