Тафсири Сураи Рахмон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон дар Мадина нозил шуда 55-умин сураи Қуръон буда, аз 78 оят иборат аст.
Аввалан бигӯем, ки ин сура баёнгари неъматҳои моддӣ ва маънавии Худованд аст, ки барои бандагони Худ арзонӣ доштааст. Он ба муолиҷа ва тарбияи ақидаи исломӣ равона гардидааст. Фазилати ин сура бисёр бузург аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳадис ворид гардида, ки «Ҳар чизеро арӯс аст ва арӯси Қуръон сураи «ар-Раҳмон» бошад». Яъне соддатар гӯем, дар зебоӣ ин сура арӯсро монад. Нисбати макони нозил гардидани ин сура муфассирон ду фикр доранд. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки он дар Мадина нозил шудааст, баъзеи дигар гуфтаанд, ки он дар Макка нозил шудааст.
Сура бо ёдоварӣ ва зикри теъдоди неъматҳои зоҳирии Аллоҳ, ки аз ҳисоб берунанд, ибтидо меёбад. Аз ҷумла нахуст неъмати таълими Қуръонро ба инсон арза медорад. Баъдан, саҳифаҳои мавҷудро варақ зада, аз нишонаҳои бузургии Аллоҳ таъоло, ки таҳти шумор намедароянд, ба мисли осмони баланди бесутуну барқарор, Замини паҳновар, Офтоб, Моҳтоб, ситораву меваҳо ва зироати мавҷуда, ки ризқи олами башаранд, сухан мекунад. Дар сура оид ба ҳаракати ситораву сайёраҳо дар коинот ва киштиҳо дар баҳрҳо маълумот ҳаст.
Давоми сура аз аҳволи кофирон ва гунаҳкорон дар қиёмат сухан менамояд. Баъдан дар бораи роҳати парҳезгорон дар Ҷаннат батафсил маълумот медиҳад.
Сураи мазкур бо яке аз исмҳои сифати олии Парвардигор, ки бисёр бузург аст, оғоз ёфта, ба ҳамин мазмун ба анҷом мерасад.
Ин буд маълумоти фишурда оид ба мундариҷаи сураи «ар-Раҳмон».
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «