Тафсири Сураи Рахмон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 2
عَلَّمَ الۡقُرۡاٰنَؕ ٢
Ъаллама-л-Қур-ан. 2.
2. Қуръонро таълим дод,
Яъне ар-Раҳмон ба воситаи Ҷабраил (а) бандаи Худ Муҳаммад (с), ё ба василаи Муҳаммад (с) ба бандагони Худ, чи инсон бошаду чи ҷин, Қуръонро омӯзонд. Қуръон нисбат ба дигар неъматҳо дида, неъмати бисёр бузург аст. Аз ин хотир Аллоҳ таъоло Қуръонро барои ҳифз намудан ва фаҳмидан осон гардонидааст. Зеро Қуръон набошад, имон нест, худошиносӣ нест, хубӣ нест. Агар таълими Қуръон набуд, олам аз бадбахтӣ, хунхорӣ, порахӯрӣ, дуздӣ пур буд. Таълими Қуръон олитарин ва бузургтарин неъмат аст. Қуръон ин худ ваҳйи Илоҳӣ ба Пайғамбар (с) буда, он шарафу манзалати бузург ва аввалиндараҷа дорад. Он қуллаи баландтарини китобҳои самовист, ки бар афзалтарин бандаи Худованд, афзалтарини пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Бинобар ин, Қуръонро ба ҳар роҳе, ки бошад, хоҳ дар сурат ва хоҳ дар маъно, ҳурмат карда бузург бояд дошт. Касоне, ки Қуръонро аз дигар китобҳо фарқ намегузоранд, аз мазмуни ин оят бехабаранд. Агар пурсанд, ки Раҳмон кист? Ҷавоб Раҳмон зотест, ки Қуръонро ба инсон таълим додааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «