Тафсири Сураи Рахмон Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 27
وَّيَبۡقٰى وَجۡهُ رَبِّكَ ذُو الۡجَلٰلِ وَالۡاِكۡرَامِۚ ٢٧
Ва ябқо ваҷҳу Раббика зу-л-ҷалали ва-л-икром. 27.
27. Ва Зоти Парвардигори ту, ки соҳиби бузургӣ ва азамат аст, боқӣ мемонад.
Ҳар чӣ рӯйи Замин ҳаст, фано шавад, танҳо ҳамон Зоте, ки соҳиби азамат, кибриёӣ, инъому икром аст, боқӣ хоҳад монд. Дар ин оят мурод аз «ваҷҳу раббика» зоти Ӯст. Ваҷҳи Аллоҳ таъоло бе кайфияту бе чигунагӣ сифати Ӯ таъоло аст. Ин аз сифатҳои муташобеҳ аст ва чӣ навъ будани он назди аҳли суннат вал ҷамоъат баҳснопазир аст. Боз Ӯ таъоло ба таъкид мефармояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «