Тафсири Сураи Рахмон Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 78
تَبٰـرَكَ اسۡمُ رَبِّكَ ذِى الۡجَـلٰلِ وَالۡاِكۡرَامِ ٧٨
Табаракасму Раббика зи-л-ҷалали ва-л-икром. 78.
78. Бобаракат аст номи Парвардигори ту, ки ниҳоят бузург ва (соҳиби) инъоми азим аст.
Ҳама исмҳои Ӯ таъоло пурбаракату заволнопазиранд. Ӯ таъоло барои бандагони Худ соҳиби фазлу инъоми бузург аст. Шоистатарин зоте, ки унвони исми мубораки ар-Раҳмон барои Ӯ сазовор аст, зоти поки Парвардигор аст, ки сарчашмаи ҳама некиҳо ва баракатҳост. Дар ин сура анвоъи неъматҳои дунё ва охират, чи дар Осмон ва чи дар Замин, аз он ҷое, ки ин ҳама аз вуҷуди бобаракати Парвардигор сарчашма мегиранд, зикр шуд. Неъматҳои Парвардигор бешумор аст ва охирин ва беҳтарини неъматҳои Ӯ таъоло мушарраф шудан ба ҷамоли ҷаҳонорои Ӯст.
Расули Аллоҳ (с) дар ҳар кор ва ҳолатҳои ниёзмандӣ гуфтани «йа зал ҷалали вал икром»-ро фармудаанд. Асли ҷамиъи хубиҳо ва ҳақиқати неъматҳо аз баракати номи поки Ӯ таъолост. Аз зикри номи Аллоҳ таъоло баракати неъматҳо афзунтар мегардад. Ин аст, ки мо ба ҳар коре шурӯъ кунем, «Бисмиллоҳ» мегӯем. Аллоҳ донотар аст.
Аз Оиша (р) ривоят аст, ки баъди анҷоми намоз Расулуллоҳ (с) миқдори гуфтани ин калима: «Аллоҳумма антас-салам ва минкас-салам табаракта йа зал ҷалали вал икром» менишастанд, то инро намегуфтанд, ба дигар коре машғул намешуданд.
Худовандо, Ту «Зул ҷалоли вал икром» ҳастӣ, ба ҳурмати ҳамин исмат моро аз неъматҳои биҳиштият маҳрум масоз! Парвардигоро, раҳматат бисёр васеъ аст, ҳарчанд он амалеро, ки шоистаи даргоҳи Туст, анҷом дода натавонистем, аз он ҷо, ки лоиқи исми Раҳмонии Туст, бар мо рафтор кун! Бор Илоҳо, мо ҳеҷ як неъматҳои Туро дурӯғ ҳисоб намекунем ва худро пайваста ғарқи эҳсони худат медонем, онҳоро бар мо доимӣ насиб гардон! Аллоҳумма акримно бинназари ило ваҷҳил карим.
Омин ё Раббал оламин!
Поёни сураи «ар-Раҳмон» ва лиллаҳил ҳамд.
Адибе гуфтааст.
Чу шамъ аз пайи илм бояд гудохт,
Ки бе илм натавон Худоро шинохт!
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «