Сураи Рум Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 13

وَلَمۡ يَكُنۡ لَّهُمۡ مِّنۡ شُرَكَآٮِٕهِمۡ شُفَعٰٓؤُا وَكَانُوۡا بِشُرَكَآٮِٕهِمۡ كٰفِرِيۡنَ ١٣

Ва лам яку-л лаҳум-м мин шуракаиҳим шуфаъау ва кану би шуракаиҳим кафирӣн. 13.

13. Ва барои онҳо аз шарикон ҳеҷ шафоъаткунандае набошад ва аз шарикони худ беэътимод бошанд (ва онҳоро мункир шаванд).

Чуноне ки гузашт, мушрикон ба ҷойи холисона Худои якка ва ягонаро парастидан бутҳоро низ мепарастиданд. Ҳоло дар он Рӯз (яъне Қиёмат) ҳеҷ яке аз бутҳо ба шафоъати онҳо намекӯшад, зеро онҳо ҷисмҳои бе ҷонанд. Чунонеки дар сураи «Юнус», ояти 18-ум гузашт, бутпарастон пурсида мешуданд: “Чаро ин ҳайкалҳои беҷонро мепарастед? Дар посух онҳо мегуфтанд: «Инҳо дар пешгоҳи Худованд моро шафоъат мекунанд». Ана, ин ояти Қуръон шоҳид аст, ки аз дасти бутҳои беҷон ҳеҷ коре намеомадааст. Мушрикон дар он асно аз бутҳои худ безорӣ меҷӯянд. Бинобар маълумоти ояти 63-уми сураи «Қасас» дар он асно бутҳо алайҳи мушрикон мегӯянд, ки онҳо дурӯғ мегӯянд, онҳо моро намепарастиданд, балки ҳавои нафси худро мепарастиданд. Барои маълумоти бештар ба ояти 6-уми сураи «Аҳқоф» низ муроҷиат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)