Тафсири Сураи Рум Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 14
وَيَوۡمَ تَقُوۡمُ السَّاعَةُ يَوۡمَٮِٕذٍ يَّتَفَرَّقُوۡنَ ١٤
Ва явма тақуму-с-саъату явмаизи-й ятафаррақун. 14.
14. Рӯзе ки Қиёмат Қоим шавад, мардум дар он рӯз пароканда шаванд.
Бори дигар Худованд аҳволи рӯзи Қиёматро, ки бисёр рӯзи пурҳайбат аст дар ин оят зикр карда гуфтааст, ки рӯзи Қиёмат чунон рӯзест, ки мардум агарчӣ дар дунё бо ҳам наздик зиндагонӣ карда бошанд ҳам, дар он рӯз пароканда шуда, аз ҳам ҷудо мешаванд. Мӯъминон роҳи Биҳиштро пеш мегиранд, кофирон роҳи Дӯзахро. Оятҳои зер ин маъноро идома медиҳанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «