Тафсири Сураи Рум Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 25
وَمِنۡ اٰيٰتِهٖۤ اَنۡ تَقُوۡمَ السَّمَآءُ وَالۡاَرۡضُ بِاَمۡرِهٖ ؕ ثُمَّ اِذَا دَعَاكُمۡ دَعۡوَةً ۖ مِّنَ الۡاَرۡضِ ۖ اِذَاۤ اَنۡـتُمۡ تَخۡرُجُوۡنَ ٢٥
Ва мин айатиҳи ан тақума-с-самау ва-л-арЗу би амриҳ. Сумма иза даъакум даъвата-м мина-л-арЗи иза антум тахруҷун. 25.
25. Аз нишонаҳои Худо он аст, ки осмонҳо ва Замин бо ҳукми Ӯ барпо истодаанд. Сипас, чун шуморо ба якбор хондан бихонад, ногаҳон аз Замин берун меойед.
Аз ҷумлаи нишонаҳои бузург ва Қудрати Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост, ки осмонҳо ва Замин бо ҳукми Худованд, яъне бо Қоида ва Қонунҳои Худованд офарида (муайян карда) бо тартиб ва низом барпоянд. Итоат ба ҳукми Парвардигор аст, ки ҳангоми сайри худ атрофи Офтоб ва чархиш гирди тири худ Замин суръаташро заррае тағйир намедиҳад ва сокинонаш инчунин кӯҳҳо ва манзилҳо аз афтидан ва зеру забар шудан эминанд.
Аммо чун Парвардигори оламиён барпошавии Қиёматро ирода кунад, ин тартиб ва низоми мавҷудаи Коинот (осмонҳо) ва Замин барҳам мехӯрад. Ҳангоме ки шуморо (Исрофил) бо дамидани Сури дувум бихонад, ҳеҷ кас аз пеш фавтидагон ва пасфавтидагон боқӣ намонда, дар ҳол аз Қабрҳоятон хориҷ мешавед ва ба саҳнаҳои рӯзи растохез ва мукофотҳо ё ҷазоҳои он рӯз менигаред. Барои он, ки инсон дар он рӯз гирифтори ҷазо нагардад, аз ҳозир дар ҳаёти дунё бояд бо захираи амалҳои нек ва тавба кардан аз кирдори бад ба пешвози он омода бошад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «