Тафсири Сураи Рум Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 29
بَلِ اتَّبَعَ الَّذِيۡنَ ظَلَمُوۡۤا اَهۡوَآءَهُمۡ بِغَيۡرِ عِلۡمٍۚ فَمَنۡ يَّهۡدِىۡ مَنۡ اَضَلَّ اللّٰهُ ؕ وَمَا لَهُمۡ مِّنۡ نّٰصِرِيۡنَ ٢٩
Бали-т-табаъа-л-лазӣна заламу аҳвааҳум би ғайри ъилм. Фа ма-й яҳдӣ ман аЗаллаллоҳ. Ва ма лаҳум-м мин-н-насирӣн. 29.
29. Балки ситамгарон ба ғайри илм хоҳишҳои нафси худро пайравӣ карданд. Пас, кист роҳ намояд касеро, ки Худо ӯро гумроҳ кардааст? Ва онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест.
Оре! Ин мисолҳои возеҳу равшане, ки дар ояти Қаблӣ гузашт, барои шахсоне буд, ки соҳиби андешаи солиманд. Аммо золимони ҳавопарасти бутпарасти бедониш, ки пардаҳои ҷаҳлу нодонӣ Қалбу чашмҳои онҳоро пӯшидааст, доимо ба хурофоту таъассубҳои ҷоҳилона даст задаанд, аз куҷо ба фаҳми ин гуна мисолҳо мераванд. Онҳо аз ҳавову ҳаваси хеш бидуни илму огоҳӣ пайравӣ карда, тобеъи сухани дуруст намешаванд, онҳо комилан гумроҳанду ҳаргиз намеандешанд. Натиҷа он шуд, ки ба хотири амалҳои бадашон Худованд ин гуна афродро дар водии залолат меафганад ва онҳоро чунон гумроҳ мекунад, ки дигар ҳеҷ кас онҳоро ба роҳи ҳидоят кашонда наметавонад. Оё аз ин зулми бештар ёфт мешавад, ки махлуқе ҳамрадифи Холиқ Қарор дода шавад? Инчунин оё зулм аз ин бештар мешавад, ки халқи Худоро аз роҳи хайру саъодат, ки роҳи Қуръон ва суннати Расулаллоҳ аст, боз дошта ба бераҳагиҳо даъват карда шавад?
Барои маълумоти бештар ба ояти 27-уми сураи «Иброҳим» (а) муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Худованд ба Пайғамбар (с) хитоб намуда, дар ояти зер чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «