Сураи Рум Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 30

فَاَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّيۡنِ حَنِيۡفًا ‌ؕ فِطۡرَتَ اللّٰهِ الَّتِىۡ فَطَرَ النَّاسَ عَلَيۡهَا ‌ؕ لَا تَبۡدِيۡلَ لِخَـلۡقِ اللّٰهِ‌ ؕ ذٰلِكَ الدِّيۡنُ الۡقَيِّمُ ۙ وَلٰـكِنَّ اَكۡثَرَ النَّاسِ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٣٠

Фа ақим ваҷҳака ли-д-дӣни ҳанӣфа. Фитраталлоҳи-л латӣ фатара-н-наса ъалайҳа. Ла табдӣла ли халқиллаҳ. залика-д-дӣну-л-Қаййиму ва лакинна аксара-н-наси ла яъламун. 30.

30. Пас, рӯи худро барои дин ҳаниф (яктопараст) шуда рост кун, ки мардумро бар вай офарида аст! Офариниши Худоро иваз кардан нест. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардум намедонанд.

Маънои калимаи «ҳаниф» аз нодурустиҳо рӯй ба сӯйи корҳои шоиста ва аз роҳи ботил ба сӯйи роҳи ҳаққ рӯ оварданаст. Агарчӣ дар ин оят Худованд Пайғамбари худ Муҳаммад (с)-ро хитоб карда бошад ҳам, локин ба назардошти маънои ояти баъдӣ, хитоб ба ҷамъи мӯъминон аст. Худованд ба Ҳабиби худ (с) фармуд, ки ай Расули ман! Ту аз тамоми дину эътиқодҳо ва аз тамоми созмонҳои ширкомезу куфр ва аз тобеъияти ҳавои нафсу корҳои разил рӯй гардону устуворона ва бо ихлоси том рӯ ба сӯйи дини Ислом (ойини поку холиси Парвардигор) ору ҳақгаро бош! Зеро Худованд инсонро бар фитрат (табиъат)-и Ислом офаридааст ва дини Ислом бар сиришти инсон мувофиқу ҳамоҳанг аст. Агар инсон бо ягон сабабе кофир нашавад, ӯ бар сиришти худ, яъне бар асли табиъати худ пойдор боқӣ мемонад. Дигаргунӣ дар офариниши Худовандро бо парастиши ғайри Ӯ набояд тағйир дод. Бар он табиъате, ки Худованд инсонро офаридааст (бар тавҳид), бояд боқӣ бимонад. Зеро дини Ислом, дини росту устувор аст, дигар динҳо аз амал манъ шудаанд. Касе хоҳад бар фитрат (табиъат)-и худ боқӣ бимонад, бояд пайрави дини Ислом шавад, зеро Ислом дар тамоми соҳа ва давру замон ҷавобгӯи талаботи рӯзгори инсон аст, валекин аксари мардум, ҳамчу куффори Макка (ки замони нузули ояти мазкур мушрику бутпараст буданд), ин ҳақиқатро надонистанд, то ба он амал кунанд.

Хулоса, фитрат (табиъат)-и башарӣ тақозои онро дорад, ки ба ғайри муваҳҳид (яктопараст) будан ва ба ғайр аз рӯй овардан ба дини ҳаниф (Ислом) ба дигар динҳо ҳамоҳанг набояд шуд. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Абӯҳурайра (р) дар “саҳеҳ”-и Бухорӣ (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармуданд: «Ҳеҷ навзоде нест, магар ин ки бар фитрат (табиъат)-и Ислом таваллуд мешавад Вале падар ва модараш яҳудӣ бошанд, ӯро яҳудӣ, насронӣ бошанд, ӯро насронӣ ё маҷусӣ бошанд, ӯро маҷусӣ мегардонанд».

Барои маълумоти бештар ба ояти 103-ӯми сураи «Юсуф» (а) муроҷиъат шавад. Худованд бо таври умум, барои такмили ин маъно дар ояти зер чунин фармудааст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)