Тафсири Сураи Рум Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 31
۞ مُنِيۡبِيۡنَ اِلَيۡهِ وَاتَّقُوۡهُ وَاَقِيۡمُوا الصَّلٰوةَ وَلَا تَكُوۡنُوۡا مِنَ الۡمُشۡرِكِيۡنَۙ ٣١
۞ Мунӣбӣна илайҳи ва-т тақуҳу ва ақӣму-с-салата ва ла такуну мина-л мушрикӣн. 31.
31. Ба сӯи Вай руҷӯъ кунеду бо ибодат бошед ва аз Вай битарсед ва намозро барпо доред ва аз мушрикон мабошед.
Чунонеки гузашт, инсон асосан барои ибодат (итоати бечуну чаро)-и Аллоҳи якка ва ягона офарида шудааст. Инсон ҳамеша ба сӯйи ҳамин асл бояд бозгашт дошта бошад. Аз ин рӯ инсон холисан ба сӯйи дини ҳаниф, ки руҷӯъ ба сӯйи Парвардигор аст, бояд руҷӯъ кунад, ба ин маъно, ки Худое нахоста, агар аз рӯйи ақида ва амал коре пайдо шавад, ки аз асли тавҳид инсонро яксӯ кунад, дар ҳол, бо такрори калимаи тавҳид ба сӯйи Парвардигор бояд бозгардад ва худро бояд ислоҳ кунад ва ҳамеша худро дар эътиқод муваҳҳид (яктопараст) нигоҳ дорад. Сипас, Худованд амр кардааст, ки аз Худованд бипарҳезед! Яъне Худовандро ҳозиру нозир дониста аз Ӯ нофармонӣ накунед ва илова бар ин маъмур шудаед, ки бо пойбандии том намозро дар вақтҳои худ бо риъояи фарзу воҷибу суннату мустаҳабҳои он барпо бидоред ва аз гурӯҳи мушрикон набошед. Зеро ширк овардан бузургтарин гуноҳи кабира (куфр) аст. Ҳар гуноҳро мумкин аст, ки Худованд бибахшад, аммо ширкро ҳаргиз нахоҳад бахшид. Барои маълумоти бештар ба ояти 48-уми сураи «Нисо» муроҷиъат шавад. Ояти зер танқиди мушриконро идома додааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «