Тафсири Сураи Рум Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 32
مِنَ الَّذِيۡنَ فَرَّقُوۡا دِيۡنَهُمۡ وَكَانُوۡا شِيَعًا ؕ كُلُّ حِزۡبٍۢ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُوۡنَ ٣٢
Мина-л-лазӣна фаррақу дӣнаҳум ва кану шияъа. Куллу ҳизбин би ма ладайҳим фариҳун. 32.
32. Ва аз ононе (мабошед), ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд ва ҳар гурӯҳ ба он чи назди ӯст, хурсанд аст.
Худованд дар ояти мазкур ба мусулмонон (уммати Муҳаммад (с) ҳушдор дода мефармояд, ки шумо мисли касоне набошед, ки дар дин ихтилоф эҷод карда динашонро пароканда карданд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд ва ҳар гурӯҳе гумон мебарад, ки ақида ва равишашон дуруст аст ва аз оини худбофтаи худ хушҳол ва хушнуд ҳам буданд.
Муфассири олиқадр Ибни Касир дар шарҳи ояти мазкур фармудааст: «(Абдуллоҳ) ибни Аббос (р) гуфтааст: «Шумо аз ҷумлаи мушрикон монанди яҳуд ва насоро ва маҷус ва бутпарастон ва дигар пайравони динҳои ботил нашавед, ки дини худро табдил ва тағйир дода, ба Қисмате (аз он) имон доштанд ва ба Қисмате кофир шуданд».
Дини ҳақ дини Ислом аст. Он дини яктопарастӣ (тавҳид) аст. Худованд аз замони офариниши Одам (а) то давраи Муҳаммад (с) ба воситаи пайғамбаронаш барои мардум дини исломро фиристодааст. То ин ки ҳамаи мардум дини тавҳид Исломро Қабул карда, дар як гурӯҳи муташаккил, ҳамақида ва мустаҳкам Қарор гиранд. Вале гурӯҳе баъд аз даргузашти пайғамбаронашон яктопарастиро дар канор гузошта, дар дин тағйирот ворид карданд ва мардум пайрави хаёлбофиҳои гурӯҳҳои мухталиф гаштанд. Масалан, яҳудон ба китоби ба Мӯсо (а) нозилшуда «Таврот» тағйирот ворид ва дар дини Худованд ихтилоф эҷод карданд. Дар натиҷа онҳо ба зиёда аз 70 гурӯҳ тақсим шуда, бо ҳам зиддият ва ихтилоф мекарданд. Байни онҳо гурӯҳе буд, ки ҳатто Узайр (а)-ро писари Худо меҳисобиданд, ки макони онҳоро ҳоло “Узайрия” мегӯянд.
Насрониён низ дини ҳақиқиро, ки Худованд ба воситаи Исо (а) ба онҳо фиристода буд, пароканда карданд. Пайрави хаёлҳои беасоси худ гашта, ба гурӯҳҳои гуногун тақсим шуданд.
Ҳамчунин дар таърихи инсоният гурӯҳҳое буданд, ки Офтобро мепарастиданд ситорапарастон низ буданд. Оташпарастон, Қабр парастон, ҷасади мурдапарастон, бутпарастон, ҳайвонпарастон, инсонпарастон ва ғайра то ҳол ҳастанд.
Шайтон ҳар яке аз он гурӯҳҳоро дар ҳақ ва дуруст ҳисобидани хаёлҳо ва эътиқодҳояшон чунон машғул месохт, ки ҳар гурӯҳе эътиқоди худро ҳақ меҳисобид, аз он шоду хурсанд гашта гирифтори таассуб мегашт ва ақидаи гурӯҳҳои дигарро ноҳақу нодуруст меҳисобид. Зиддияти байни гурӯҳҳо то ҳадде мерасид, ки ба куштор ва хунрезиҳои шадид меовард, зеро таасуб намегузорад, ки инсон чеҳраи ҳақиқатро бинад ва аз буғзу ҳасадҳо худро як сӯ гузошта, Қазовати саҳеҳ кунад. Барои маълумоти бештар ба Қисми аввали ояти 8-уми сураи «Фотир» муроҷиъат шавад. Мухтасаран маънои он чунин аст: Оё касе, ки амалҳои бад дар назараш (тавассути шайтон ва шайтонсифатон) зинат ва ороста шудааст, онро зебо ва ороста мебинад, ҳаммонанди касе аст, ки ҳақиқатро ҳамчунон, ки ҳаст мебинад ва аз Қонунҳои Худованд пайравӣ мекунад? Ҳаргиз. Валлоҳу аълам. Сифати шахсоне, ки ба дини Ислом ворид нашудаанд, чун ҳолашон дигаргун шавад, аз худ чӣ хел бесуботӣ нишон медиҳанд, дар ояти зер баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «