Тафсири Сураи Рум Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 34
لِيَكۡفُرُوۡا بِمَاۤ اٰتَيۡنٰهُمۡؕ فَتَمَتَّعُوۡا فَسَوۡفَ تَعۡلَمُوۡنَ ٣٤
Ли якфуру би ма атайнаҳум. Фа таматтаъу фа савфа таъламун. 34.
34. Оқибати ҳоли онҳо он аст, ки ба он чӣ ба онҳо ато кардаем, носипосӣ кунанд. Пас, баҳраманд шавед (эй кофирон), зуд аст, ки ҳақиқати ҳолро хоҳед донист!
Ояти мазкур барои мушриконе, ки сифаташон дар ояти Қаблӣ гузашт, (ки ҳангоми расидан ба неъматҳо Худоро фаромӯш мекунанд), таҳдид буда, фармудааст, ки бигзор онҳо шукронаи он неъматҳоеро, ки ба онҳо бахшидаем, накунанд ва ҳар коре, ки аз дасташон меояд, анҷом диҳанд ва то метавонанд аз ин неъматҳои зудгузарӣ дунё баҳра гиранд. Локин ба зудӣ натиҷаи шуми амалҳои бади худро хоҳанд донист.
Аз маънои ин оят маълум мешавад, ки ин баҳрамандии заволпазир дар пайи худ азоби дардноке доштааст. Агар чи дар ин оят мухотаб мушриконанд, вале ояти мазкур маънои васеъ дошта, тамоми касонеро, ки ҳангоме, ба неъматҳои Худо мерасанду танҳо ба баҳрагирӣ машғул гашта, бахшандаи онҳоро фаромӯш мекунанд, шомил аст.
Чаро ин гуна инсонҳо ҳангоми мусибат ба ёди Худованд мешаванд ва ҳамин, ки Худованд раҳматашро ба онҳо чашонду ба амонӣ расиданд, ба Ӯ таъоло ширк меоранд?…
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «