Сураи Рум Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 35

اَمۡ اَنۡزَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سُلۡطٰنًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُوۡا بِهٖ يُشۡرِكُوۡنَ ٣٥

Ам анзална ъалайҳим султонан фа ҳува ятакалламу би ма кану биҳӣ юшрикун. 35.

35. Оё бар онҳо далеле фуруд овардем, ки он далел барои онҳо ба он чӣ бо Худо шарик меоранд, далолат мекарда бошад?

Худованд барои маҳкум сохтани мушрикон ва барои сарзаниши онҳо бо ҷумлаи саволи инкорӣ гуфтааст, ки оё Мо аз назди худ барои мушрикон ҳукми мустаҳкаму раднопазиру Қонеъкунандаеро нозил кардаем, ки ба ҳаққ будани ширк ва гумроҳиашон далел шудааст? Ҳаргиз! Худованд асло ба онҳо дастури ширкро надодааст. Пас, онҳо бо кадом далел мушрик шуданд?


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)