Сураи Рум Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 7

يَعۡلَمُوۡنَ ظَاهِرًا مِّنَ الۡحَيٰوةِ الدُّنۡيَا ‌ۖۚ وَهُمۡ عَنِ الۡاٰخِرَةِ هُمۡ غٰفِلُوۡنَ‏ ٧

Яъламуна заҳира-м мина-л-ҳайати-д-дунйа ва ҳум ъани-л-ахирати ҳум ғофилун. 7.

7. Онҳо зоҳири зиндагонии дунёро медонанд ва онҳо аз охират бехабаранд.

Ояти мазкур идомаи оятҳои Қаблӣ буда, дар он Худованд аз ҳоли кофирон хабар додааст, ки онҳо шахсонеанд, ки танҳо бо ороишҳо, лаззатҳо ва манфиъатҳои дунявӣ аз зоҳири кор менигаранд. Онҳо аз охирату поёни корҳо бехабаранд. Онҳо нафаҳмиданд, ки зиндагонии дунё муҚаддимаест барои дарёфти зиндагонии ҷовидонаи охират. Онҳо бояд бидонанд, ки аз ҳад зиёд ба дунё машғул шудан нишонаи ғофилии онҳо аз амру фармонҳои Худованд аст. Барои шинохтани асл ва ҳаҚиҚати маънои зиндагии дунё ва охират танҳо ба зоҳири корҳо аҳамият додан кифоя нест. Барои омадани рӯзи охират, бо иҷрои амрҳои Худованд, бояд омода шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)